Чин изҳор доштааст, ки омода аст барои сохтмони роҳ ва пулҳои нави замонавӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сармоягузорӣ намояд.
Ин масъала зимни мулоқоти муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо намояндагии ширкати «Sino - Hunan International Engineering and Development CO., LTD» мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин яке аз мавзуҳои марказии суҳбат будааст.
Ширкатҳои чинӣ изҳор доштаанд, ки омодаанд дар амалисозии лоиҳаҳои наве, ки ба шаҳри Душанбе шукуҳу шаҳомати тоза мебахшанд, ширкат намоянд.
Ҷонибҳо аз ҷумла масъалаи сохтмони роҳ ва пулҳои замонавиро мавриди муҳокима қарор дода, ҷониби Чин изҳор доштаанд, ки тайёранд чунин лоиҳаҳои муштаракро сармоягузорӣ намоянд.