arzon replenishment
Чин кони ангишти «Шӯроб»-ро сармоягузорӣ мекунад
1024

Байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба амалӣ намудани ҳамкории сармоягузорӣ барои ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, созишнома зимни вохӯрии вазир Завқӣ Завқизода бо раиси Корпоратсияи «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd» Ли Мао ба имзо расидааст.

- Гуфта шуд, ки ин корпоратсия яке аз азимтарин гурӯҳи корхонаҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишти энергетикӣ ва коксшаванда дар асоси технологияҳои «сабз» буда, ба қатори 50 ширкати азими «сабз»-и саноатӣ ва 500 ширкати калонтарини эҳсонкори Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил мешавад,- меафзояд манбаъ.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намудааст, ки «бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад».

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки Корпоратсия алакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт (400 миллион доллар сармоягузорӣ) ва лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 миллион тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ (60 миллион доллар сармоягузорӣ) ба фаъолият оғоз намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД