Sebiston new 2024 october
Чин ба Душанбе 150 автобус ва 263 мошини нав тӯҳфа кард!
02.02.2022
Оила
1375

Дар шаҳри Душанбе пайдо шудани беш аз 150 автобуси нави хитоӣ, ки ба тозагӣ аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон тӯҳфа шудаанд, то андозае мушкилоти норасоии нақлиёти мусофирбарро ҳал мекунад. Минбаъд сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки дар автобусҳои нави замонавӣ бароҳат сафар намоянд...
Рӯнамоии нақлиёти нави аз Ҷумҳурии Халқии Чин ба шаҳри Душанбе ворид гашта рӯзи 1-феврал дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва намояндагони сафорати Чин дар Тоҷикистон доир гашта, қайд карда шуд, ки Чин ҳамчун кӯмаки бе бозгашт ба пойтахти Тоҷикистон 413 адад нақлиёти мусофиркашу коммуналӣ тақдим намудааст. Ин техника иборат аст аз:
155- автобуси мусофирбари гуногунҳаҷм,
52- автомошинаи боркашон,
48 -мошинҳои махсуси партовкашонӣ,
40 -мошини обпошӣ,
22 -мошини хурди боркашии дуқатора,
20 -мошини сӯхторхомӯшкунӣ
1- адад грейдер,
18- каток,
7 -автокран,
15 -эвакуатор,
1- адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир,
7 -техника барои ташхису таъмири қубурҳои оби гарм,
1 -адад маркази идораи техникаи сухторхомўшкунӣ,
4 -мошини ёрии таъҷилӣ,
1 -мошин барои интиқоли гипохлориди натрий
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз як сол қабл шаҳрдори Душанбе бо мақсади бартараф намудани мушкилоти норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва мошинҳои махсус барои соҳаи хизматрасонии коммуналӣ бо Ҷумҳурии Халқии Чин созишномаи махсусро оид ба кӯмаки техникии бе бозгашт ва ворид намудани 466 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба имзо расонида буд. Айни замон аз ин шумора 413 адад нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид карда шуда, рӯзҳои наздик ворид шудани боз 53 нақлиёти дигар дар назар аст.
Техникаҳои нави ба тозагӣ аз Чин ба пойтахт ворид шуда ба корхонаву муассисаҳои соҳаи мусофиркашонӣ, коммуналию партовкашонӣ, ободонӣ, боғҳо, обу коррез, нигоҳдорию истифодабарии роҳҳо, гармидиҳӣ ва сӯхторхомӯшкунии шаҳри Душанбе тақдим карда мешаванд. Мутахассисони чинӣ муддати 1 моҳ тарзи дурусти истифодаи техникаҳои навро бо кормандони ин корхонаву муассисаҳо омӯзонида, тариқи онлайн дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Умедворем, ки бо ворид гаштани техникаҳои нави чинӣ мушкилоти норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт билохира ҳалли худро пайдо намуда, шаҳри Душанбе боз ҳам тозаву озодатар хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД