Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқа кишвари моро Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов намояндагӣ карданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Муғулистон Номин - Эрдене Тугҷаргал бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад ва бо Пунрави Руэнрос аз Тайланд нерӯсанҷӣ мекунад.
Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Индонезия - Майал Роберрд Маскита бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Некрӯз бо намояндаи Урдун - Хусейн Ишаиш барои роҳ ёфтан ба финал сабқат мекунад.
Ҳамчунин, намояндаи дигари кишвари мо Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг рақобатро дар марҳилаи нимниҳоӣ оғоз мекунад. Каримов дар ин марҳила бо намояндаи Ҳиндустон - Харш Чоудхари нерӯ месанҷад. Рақобатҳои марҳилаи нимниҳоӣ рӯзи 7-уми апрел баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки намояндаҳои дигари кишвари мо Анӯшервон Фозилов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (65,5 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) ва Бибинишастамо Холова (60 кг) мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа 30-юми март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10-уми апрел идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.