Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд ҷараён дорад, пирӯзии дуюми худро ба даст овард.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб кард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали мусобиқот роҳ ёфт ва дар он бо ғолиби гурӯҳи «А» тими миллии Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард. Бозии ҳалкунандаи чемпионати CAFA-2025 рӯзи 31-уми май доир мегардад.
Ӯзбекистон дар даври охири гурӯҳӣ камбэк карда, муқобили Эрон (4:2) ғалаба намуд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм Қирғизистон ва Туркманистон, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро гирифтанд, бозӣ мекунанд.
Барои ҷойҳои 5-ум ва 6-ум Эрон бо Афғонистон талош мекунанд.