Як зани тоҷик дар шаҳри Петербурги Русия худро аз ошёнаи сеюм ба замин ҳаво дод. Дар ин бора “Оперативное прикрытие» хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин зани 25-солаи тоҷик ба хонаи модараш ба шаҳри Петербург меҳмонӣ рафта будааст. Ҷавонзан кӯдаки хурсол доштааст. Писарчаи 3-солааш ба тӯри ҳашарот такя карданӣ шуда, аз ошёнаи сеюм ба поён меафтад ва модар худро аз паси фарзандаш ба замин ҳаво додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 12-уми июн дар Миллионная улица рӯй додааст.
Модару кӯдак ҳарду зинда монда бошанд ҳам, бар асари афтодан аз баландӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки кӯдак ба айвони ошёнаи 2 афтода, бо захми пӯшидаи косахонаи сар ва ҷароҳати майна ба беморхона интиқол дода шудааст. Дар кӯдак ҳамчунин шикастани устухони пешонӣ ва пневмоцефалияро ошкор намудаанд.
Зан аз қафаси сина ва сараш осеби сахт бардоштааст. Муҳраҳои сутунмуҳра ва пойҳояш низ шикастаанд.
Айни замон модару кӯдак дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Маринская қарор доранд.
Зан расман дар қайди муҳоҷиратӣ буда, ба ҳайси кӯчарӯб кор мекардааст.