Дирӯз сарояндаи ҷавону умедбахши тоҷик Соро Аҳмадова дар ютбуканали “Суруш-медиа” таронаи навашро бо номи “Модар” пахш намуда, ҳаводорони санъати эстрадиро қоил кард.
Ин таронаро, ки ба “Рӯзи модар” бахшида шудааст, дар бадали як шабонарӯз зиёда аз 35 ҳазор нафар тамошо карда, ба ҳунари волои ин сарояндаи ҷавон садҳо аҳсану офарин хондаанд.
Дар ҳақиқат Соро Аҳмадова сарояндаи умедбахш буда, ҳар як таронаи ин зебосанам аз ҷониби дӯстдорони савту наво хеле гарм пазироӣ карда мешавад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки Соро дар асл сарояндаи касбӣ нест.
Тибқи маълумотҳое, ки мо дар бораи ин бонуи ҳунарманд аз шабакаҳои интернетӣ пайдо кардем, Соро 8-июни соли 1999 дар деҳаи Куҳандиёри ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст.
Вай аз хурдӣ орзуи сароянда шуданро дошт, вале пас аз гирифтани таҳсили ибтидоӣ дар зодгоҳаш соли 2017 ба донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия дохил шуда, соли 2022 ин донишкадаи бонуфузро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Ҳуқуқшиносӣ яке аз пешаҳои бисёр бообрӯ дар ҷомеаи муосир ба шумор меравад, вале Соро бо доштани ихтисоси ҳуқуқшинос соли 2018 ба ансамбли давлатии Фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст.
Айни замон Соро Аҳмадова дар Оркестри эстрадии “Гулшан” кор мекунад ва ҳар як таронаи нави ин бонуи пурҳунар барои мухлисонаш иди ҳақиқист.