arzon replenishment
Чаро сар шабушк мекунад?
6300

 

Ман зани тозаву озодаи 35-сола ҳастам. Чанд рӯз қабл дар сарам шабушкро дида қариб аз ҳуш мерафтам. Шумо дар боби тоза кардани мӯйи сар аз шабушк чӣ тавсия медиҳед?

З. Б.

 

Одатан шабушккуниро хоси аҳолии бенаво мешуморанд, вале дар асл чунин нест. Шабушк дар мӯйи сари одамони сарватманд ва тозаю озода ҳам пайдо мешавад. Бадии кор дар он аст, ки ин паразитҳои хурд тез афзоиш ёфта аз худ насли зиёде мегузоранд. Шабушк паразити хунмак аст, на парида метавонаду на љаҳида, вале дар давидан бисёр чаққон аст, аз ин лиҳоз ба зудӣ аз як кас ба каси дигар мегузарад. Бештар кӯдакон гирифтори шабушк мегарданд. Нишонаи асосии шабушк задани мӯй хориши сар аст. Гумшавии иштиҳо ва бехобии бар асари шабушкзанӣ пайдо шуда, системаи асаби одамро вайрон мекунад.

 

Тозакунии мӯй аз шабушк осон аст?

Тоза кардани мӯй аз шабушк он қадар кори душвор нест. Пештар роҳи халосиро дар тарошидани мӯйи сар медиданд. Ин усул самарабахш бошад ҳам, вале на ҳама аз мӯйҳои зебояшон маҳрум шудан мехоҳанд. Алъон дар дорухонаҳо воситаҳои зиёди зидди шабушкро мефурӯшанд. Ҳамаи ин маҳлулҳо самаранок ва бехатаранд. Аз паразитҳо бо кӯмаки ин дорувор бо осонӣ халос мешавед ва эҳтимоли дубора гирифтори шабушк гаштанатон кам мегардад.

 

Воситаҳои мардумӣ

Новобаста ба он ки фармокология ин мушкилро ниҳоят хуб ҳал мекунад, аксарият пайрави воситаҳои халқӣ ҳастанд.

Барои бонувон воситаи беҳтарини раҳоӣ аз шабушк рангкунии мӯй мебошад. Перекис водороде, ки дар таркиби ранги мӯй вуљуд дорад, паразитҳоро нобуд месозад.

Воситаи дигари хеле муфид собуни аз дӯст омодашуда мебошад. Миқдори зиёди ишқори таркиби ин собун паразитҳоро нест мекунад, вале ба ҳолати мӯйҳо таъсири бад дорад.

Киросин ва сирко (уксус) низ шабушкро нобуд месозанд, вале ришк -тухми шабушкро нест карда наметавонанд. Тамоми ин воситаҳо ба пӯсти сар ва мӯйҳо таъсири ниҳоят бад доранд.

Баъди истифодаи ҳар як воситаи шабушккушӣ мӯйи сарро бо шонаи дандонаҳояш зич шона кунед, то ки ришкҳоро резонед.

Беҳтар мебуд, ки мушкилотро пешгирӣ намоед, на бартараф.

 

Тозагӣ- душмани шабушк

Беҳтарин тадбири пешгирикунандаи шабушк-риояи гигиенаи шахсӣ аст. Аз либосу ашёи дигарон истифода набаред. Ба диққати бонувоне, ки аз маҳлулҳои дорухонагӣ истифода бурданро авлотар медонанд, мерасонем, ки шабушк ба моддаҳои кимиёвии дар таркиби дорувориҳои зидди шабушк истифодашаванда тобовар мегардад. Олимон муайян сохтаанд, ки моддаҳои кимиёвии таркиби ин дорувориҳо таҳриккунандаи бемории саратон мегарданд. Бо ҳамин сабаб, аксарият аз воситаҳои табиӣ истифода бурданро авлотар мешуморанд.

 

Равғани зайтун доруст

Ба мӯйи тар равғани зайтун молида 8-9 соат нигоҳ доред. Мӯйи саратонро бо маҳлули иборат аз 1/2 оби гарм ва 1/2 сирко обгардон кунеду сипас ба саратон кӯлоҳча пӯшида 15-20 дақиқа истед. Зарур ояд, баъди як ҳафта муолиљаро такрор намоед.

 

Тарзи истифодабарии маҳлулҳо

Аввалан мӯятонро бо шона ҳамвор созед. Маҳлулро мувофиқи нишондоди дар тамғакоғаз қайдшуда ба мӯйҳоятон молед. Муҳлати дар нишондод қайдшуда, ки гузашт, бо шона мӯятонро шона кунед, то ки шабушку ришкҳои мурдаро резонед.

Бо шампуни оддӣ сар шуста, мӯятонро бо сирко (уксус)-и 2% обгардон намоед. Сирко ширешеро, ки тухми шабушкро ба мӯй мечаспонад, тоза мекунад.

Давоми чанд рӯз пайи ҳам мӯятонро шона кунед. Мабодо шабушки зинда пайдо кардед, маълум мешавад, ки маҳлули интихобнамудаатон таъсир накардааст. Дар ин ҳолат 7-8 рӯз пас амалиётро такрор намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД