Саида Баротова сокини шаҳри Хуҷанд буда, зиндагии бисёр вазнин ва бар замми он, як бемории хуруҷкунандаи равонӣ дорад. Ин зани маъюб ва бемор дар хобгоҳи № 44 зиндагӣ мекунад.
Ҳар саҳифаи умри ин зан дарду алам аст. Саида зери таъсири ҳамин дарду аламҳои кашидааш соли 2019 ба касалии эпилепсия (тутқалоқ) гирифтор шудааст. Бемориаш тез-тез хуруҷ карда дар кӯчаҳо меафтад. Касе нест, ки дасташробигирад, зеро ӯ модари 4 фарзанд бошад ҳам, бачаҳояш ҳанӯз ноболиғанд. Саида Баротова ҳамчун маъюби гурӯҳи 2 ҳамагӣ 108 сомонӣ нафақа мегирад. Азбаски мариз асту бар замми ин, муаммои забонӣ дорад, нақафааш ҳатто ба дорӯю дармони худаш ҳам намерасад.
Ғам танҳо намеояд...
“Ғаму алам танҳо намеояд” гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, дар ҳаёти Саида ҳам мушкилот пайи мушкилот омада, азобҳои бисёре кашид. Як умр зери мушту лагади шавҳар қарор дошт, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, фарзанди чорумаш маъюб ба дунё омад, пас аз ин бошад, шавҳараш ба маҳбас афтид. Саида умед дошт, ки рӯзе шавҳараш аз зиндон озо шуда, мушкилоти зиёди иқтисодии оиларо ҳал мекунад, вале баръакс баъди ба озодӣ баромадан падари бачаҳояш онҳоро ба гирдоби қарзу қавола гирифтор карда, худаш бедарак шуд. Ин марди беандеша аз ташкилоҳои қарзӣ ва ёру ошнову хешу табор қарзи зиёд гирифтааст ва акнун соҳибони қарз ҳар рӯз дари Саидаро куфта, пули худро талаб мекунанд. Ҳамаи ин кашмакашҳо асаби бе и ҳам заифи Саидаро тамоман вайрон карда, тез-тез бемориаш хурӯҷ мекунад.
Ҳоло Саида тибқи тавсияи табибон бояд ҷитддӣ табобат бигирад, вале шароити иқтисодиаш имкон намедиҳад, ки назди духтур равад.
Писараш қарзу қавола карда ба муҳоҷират рафту...
Писари калонии Саида ҳамагӣ 21- сол дорад ва бо қарзу қавола ба Федератсияи Рассия рафтааст. Ду духтараш 14-16 сола буда дар мактаб таҳсил мекунанд. Писари дуюмаш 12 сола ва мисли худаш маъюб буда, то ҳол хондаву навишта наметавонад.
Саида мегӯяд, айни замон одамони намозхон кӯмак мекунанд ва “деги сиёҳаш меҷӯшад”, аммо мушкилоти қарздорӣ ва беморӣ ӯро дучанд азоб медиҳад.
Умедворем, ки раёсати тандурустии вилоят вазъияти иқтисодии ин занро ба назар гирифта, барои табобати Саида ёрӣ мерасонанд.
Фарзона Муродӣ