Formula novemver 2024
ЧАРО САГ БАРИН УСТУХОНИ МУРДАРО ХОИДА МЕГАРДЕД?
15.09.2020
Р. Азимӣ
3668

-Салом! Ин ҷо редаксияи Оила» аст?
-Бале хоҳарҷон, чӣ матлаб доред?
-Сарнавишти ғамангези оилаамонро ба шумо нақл карданиям, то туҳматгарон аз кори кардаашон шарм дошта, дигар забондарозӣ накунанд.
-Марҳамат, мо шуморо гўш мекунем!
- Беҳуда «забони ғару дузд дароз» намегуфтаанд, бибию бобо ва янгаву амакҳоям бо туҳмат падарамро куштанд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, то ҳол коҳи куҳнаро бод дода, устухони мурдаро мехоянд…
-Ростӣ, чизеро нафаҳмидем. Равшантар гап занед, чӣ ҳодиса рӯй дод?
-Падарамро туҳмат карданд. Туҳмати гӯшношунид…
-Чӣ туҳмат?
-Туҳмат карданд, ки гӯё падари ман додари худашро кушта ба дарё партофтааст. Бегонаҳо не, худи падару модараш, яъне бибию бобоям ин туҳмати тақдирсӯзро ба гардани падарам бор карда, аз болои ӯ ба милиса ариза менависанд. Падарам, ки бисёр марди бо нангу баномус буд, тоби чунин таҳқирро накарда, худкушӣ кард. Бо марги падар зиндагии хуррамонаи мо ба поён расид. Маҷбур шудем, ки аз шаҳр ба деҳа кӯчем, зеро дар ин ҷо ягон такягоҳу пушту паноҳ надоштем. Гумон кардем, ки бобою бибиам баъди марги писарашон хатои худро фаҳмида бо мо, ки охирин нишонаи падарамон ҳастем, меҳрубон мешаванд, вале хато кардем. Бо умеди дастгирӣ ба қишлоқ кӯчида таънашунави амаку янга ва бибию бобо гаштем. Дар ҳар шишту хезашон як гапро такрор ба такрор мегўянд: «Отаи шумо додари худашро кушта ба дарё партофта буд, шумо ҳам падаратон барин…»

Медонед аз забони одамони наздик шунидани чунин туҳмати ноҳақ нисбати падаре, ки кайҳо аз олам гузаштааст, чи қадар дарднок аст? Боре ҷонам ба лабам расиду ба янгаам дарафтода бо тамоми овоз фиғон кашидам: «Падарамро шумо, худозадаҳо бо ҳамин туҳмати ноҳақ куштед, акнун мемонед, ки руҳаш дар он дунё осуда хобад ё не?! Чаро саг барин як умр устухони мурдаро хоида мегардед? Магар шумоён мурдан надоред? Фикр намекунед, ки фардои қиёмат руҳи падари бегуноҳи мо аз гиребонатон мегирад…»
Бибиам ба ҷойи келинашро сарзаниш намудану моро ба сулҳу салоҳ овардан маро дуои бад карда ба захми сӯзони дилам намак пошид. Аламам даҳчанд гашта гуфтам: «Шайтонсиратҳо, шумо моро сағера кардед, илоҳо ҳамаатон дар таги деворҳои ҳамин хона монда муред!» Янгаам чанг зада аз мӯйҳоям дошт, ман ҳам паст наомада, сару рӯяшро ханҷол задам.

Модарам халос намекард, яқин ӯро мекуштам. Бибиам ҳамоно тарафи келинашро мегирифт, янгаам бошад тӯтӣ барин як гапро такрор мекард: «Шавҳари ман писари дӯстдоштаи падару модараш буд, отаи ту аз рашк ӯро кушта ба дарё партофту баъд аз тарси шармандагию турма шудан худашро дор кашид…» Дигар тоби шунидани ин ҳама таҳқирро нисбати руҳи поки падарам накарда, модарамро маҷбур намудам, ки либосҳоямонро ғундошта тарки он ғурбатхона намояд. Ҳоло дар шаҳр сукунат дорем, вале то ҳол гапу калочаи хешони морзабони падарам тамом намешавад.

Мехоҳам аз минбари «Оила» ба онҳое, ки падари ман Мирзоро мешинохтанд, бигӯям:

-Ман боварии комил дорам, ки падарам қотил набуд, вале намедонам чӣ гуна бегуноҳии ӯро исбот намоям, то руҳаш каме ором бигирад. Илтимос, ба ман кӯмак намоед. Онҳое, ки падарамро хуб мешинохтед, аз барои Худо бигӯед, ки ӯ чӣ гуна инсон буд. Падари ман дар марги бародараш даст дошт ё не? Касе ҳаст, ки ба ин савол ҷавоб бигӯяд?

Мавлуда, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД