arzon replenishment
Чаро ровиёни TOLO news ниқоб пӯшиданд?
661


Рӯзи якшанбе бо ниқоб ба эфир баромадани тамоми ровиёни марди яке аз машҳуртарин шабакаҳои телевизионии Афғонистон TOLO news аксариятро ба ҳайрат овард.

Бархе ҳатто гумон карданд, ки шояд дар Афғонистон боз пандемияи коронавирус оғоз ёфта бошад, вале маълум шуд, ки гап на дар куруно, балки дар ҳиҷоб будааст.

Тавре ки Известия менависад, ба хотири ҳамрайъи бо бонувони ҳамкасбашон ровиёни марди телевизиони TOLO news бо ниқоб ба эфир баромада, бо ҳамин роҳ алайҳи қарори ҳукумати “Толибон” дар бораи манъи бе ҳиҷоб баромад кардани занон дар телевизион эътироз баён намудаанд.

Тибқи тартиботи наве, ки ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ҷорӣ намудааст, занону духтарон дигар наметавонанд бидуни пӯшидани рӯсарию ҳиҷоб дар телевизион баромад кунанд. Рӯйи занони ровӣ бояд ба пуррагӣ пӯшида ва ҳатто қисмати ҷоғу лабу даҳонашон нонамоён бошад.
“Ба мо гуфтанд, ки бояд дар вақти муқарраршуда дар телевизион қоидаи навро роҳандозӣ намоем ва мо имрӯз ин корро кардем, ҳарчанд дар қароре, ки Аморати Исломӣ қабул карда буд, мушаххасан дар бораи ҳатман бо ҳиҷоб баромад кардани ровиёни зан чизе гуфта нашудааст”-гуфтааст роҳбари ин шабакаи машҳури телевизионӣ.
Бонувони хабарнигор ва ровӣ аз тартиботи нави ҷорикардаи “Толибон” норозӣ буда, аз афзоиши хушунату зӯроварӣ нисбати бонувон ва торафт тангтар кардани мавкеъи занон дар Афғонистон дар ташвишанд.
“Вақте ки ман дар зери ҳиҷоб ҳатто дуруст нафас кашидаву гап зада наметавонам, чӣ гуна метавонад барандагӣ кунам?”-мегӯяд Хотира Аҳмадӣ, ровии TOLO news.
Дигар бонувони ровии ин шабака низ мегӯянд, бо ниқоб ду-се соат барандагӣ кардан ниҳоят душвор буда, онҳо ба ин чиз комилан тайёр набуданд.
Тибқи тартиботе, ки Толибон дар Афғонистон ҷорӣ кардаанд, натанҳо ровиён, балки умуман тамоми занону духтарон бояд бо ниқоб дар телевизион баромад кунанд ва чеҳраашон тамоман нанамояд. Занони афғон дигар ҳатто ҳуқуқ надоранд, ки бе ҳиҷоб ба кӯча бароянд. Умуман, бе ҳамроҳии марди марҳамаш зани афғон наметавонад дар кӯча гашту гузор намояд.
Бонувони афғон мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳама тартиботҳои бемаънӣ тамоман танг кардани мавқеъи занон дар Афғоистон мебошад ва “Толбион “ мехоҳанд, ки занон аз чор девори хона берун нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД