Чаро одамон ба сактаи қалбӣ гирифтор мешаванд?
24.01.2026
Oila.tj
40

Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 18 миллион одамон аз бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он, махсусан аз сактаи қалбӣ - инфаркт ва сактаи мағзӣ - инсулт мефавтанд. Худи инфаркти миокард боиси тақрибан 13% ҳодисаҳои фавт дар саросари ҷаҳон мегардад, ки сабаби асосиаш бемории ишемиявии дил мебошад. Ба хотири пешгирӣ намудани оқибатҳои нохуши ин беморӣ имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои инфаркт ва фарқиятҳои ин беморӣ дар занон ва мардон маълумот медиҳем.

Чаро одамони зиёде аз сактаи қалбӣ мемиранд?

Олимони соҳаи тиб ва табибон сабабҳои сар задани сактаи қалбиро кайҳо муайян кардаанд ва дар чунин ҳолатҳо чи кор карданашонро хуб медонанд, вале мушкил дар он аст, ки маризонро лаҳзаи охир дар ҳолати вазнин бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона меоранд. Аксаран маҳз сари вақт аз пайи ташхису табобати бемориҳои дил нашудани маризон ва дер муроҷиат намудан ба табибон боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегадад. Сабаби дигари зиёд будани марг бар асари инфарк баъзан бидуни ягон аломат ҷараён гирифтани ин беморӣ мебошад.

Сабабҳои инфаркт

Хавфи ба сактаи мағзӣ гирифтор шудан бештар ба киҳо таҳдид менамояд? Аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин, ки кас ба инфаркт гирифтор шудааст?

Инфаркти миокард ин норасогии шадиди гардиши хун мебошад, ки бар асари он баъзе ҳуҷайраҳои мушакҳои дил аз сабаби нарасидани кислород мемиранд. Сабаби асосии инфаркти миокард дар 80-85% -и ҳолатҳо бемории ишемикии дил ва рагҳои хунгарди он мебошад. Боз як сабаби дигари гирифторшави ба сактаи дил атеротромбоз аст. Омилҳои дигари беморӣ осеби рагҳо, илтиҳоби рагҳои коронарӣ, сохтори модарзодии ғайримуқаррарии рагҳо, спазм ва коагулопатия мебошанд.

Хатари ба инфаркт гирифтор шудан ба киҳо бештар таҳдид менамояд?

Албатта ҳар як шахс метавонад ба сактаи дил гирифтор гардад, вале баъзе бемориҳо ва одатҳои баде ҳастанд, ки хавфи ба инфаркт гирифтор шуданро зиёд месозанд.

Аз ҷумла:

• Тамокукашӣ.

• Истеъмоли машрубот.

• Гипертонияи артериалӣ, яъне бемориии фишорбаландӣ.

• Гиперхолестеринемия-баланд будани сатҳи холестирин.

• Пиронсолӣ.

• Мансубияти ҷинсӣ-мард нисбат ба занон бештар ба инфаркт гирифтор мешаванд.

• Ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳои оилавӣ.

• Диабети қанд ва гиперинсулинемия.

• Фарбеҳӣ.

• Ихтилоли ғизо.

• Стресси музмин.

Фаъолияти хеле сусти ҷисмонӣ ва рӯзи дароз нишаста кор кардан

Ифлосии муҳити зист-хатари сактаи қалбӣ дар шахсоне, ки аз дуди ғазили сӯхтор ё гази оксиди карбон нафас гирифтаанд, зиёд мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД