Субҳи имрӯз овозаи бемории шадиди ҳунарманди машҳур ва маҳбуби тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев барқсон дар пойтахт паҳн гашта, мухлисон, ҳаводорон ва дӯстони ин марди ҳунарро сахт ба ташвишу изтироб овард.
Сару садоҳо дар бораи ваҳим будани ҳолати ҳунарманд торафт афзуда, бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки Нозимиро (пас аз бозидани нақши падари Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” ин лақаб ба ҳунарманд часпид) ба бахши эҳёгарӣ-реаниматсияи беморхонаи Истиқлол гузаронидаанд. Телефонҳои идораи сомонаи “Оила. ТҶ лазҳае ором намегирифтанд. Ошиқони ҳунари Муҳаммадҷон Шодиев пай дар пай ба мо занг зада, то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаву ҳангомаҳоро пурсон мешуданд.
Бо талошҳои зиёд мо тавонистем рақами телефони Муҳаммадҷон Шодиевро пайдо кунем, вале ба занҳои пай дар пайи хабарнигорони сомона касе ҷавоб намедод. Гӯширо набардоштани худи актёр ва ё нафаре аз пайвандонаш моро бештар нигарон намуд. Билохира, қарор додем то куҷо ҳақиқат доштани ин сару садоҳоро аз ҳампешагони ин ҳунарманди шӯҳратёр пурсон шавем.
Лутфуллои Давлат, директори театри Лоҳутӣ овозаву ҳангомаҳоро дар бораи вазнин будани вазъи саломатии Муҳаммадҷон Шодиев рад намуда, чунин гуфт:
-Ростӣ, ин сару садоҳо моро ҳам сахт ба изтироб оварданд. Ташвиш шуда, чанд лаҳза пеш ба Муҳаммадҷон Шодиев занг задам. Хушбахтона гӯширо худашон бардоштанд. Дар ҳақиқат чанд рӯз пеш каме нотоб шуда ба беморхона афтидаанд, вале айни замон саломатиашон хуб аст. Эҳтимол имрӯз ё пагоҳ аз бемористон мураххас шуда ба хонаашон баргарданд.
Дар поёни сӯҳбат Лутфуллои Давлат қайд кард, ки ин овозаҳо ба гӯши худи Муҳаммадҷон Шодиев низ расидаанд ва сару садоҳои ногувор дар атрофи номаш дили нозуки ин марди ҳунарро сахт озурда сохтаанд.
-Ин гапҳои дурғӯро шунида сахт асабӣ шудаанд, барои ҳамин ба зангҳои телефоние, ки аз рақамҳои ношинос меоянд, ҷавоб намедиҳанд,-гуфт директори театри Лоҳутӣ.
Мо аз нафароне, ки чунин хабарҳои бардурӯғро паҳн мекунанд, хоҳиш мекунем, ки минбаъд лаҷоми забони хешро ба даст бигиранд. Беҳуда нагуфтаанд:
Захми табар мераваду захми сухан не!