Наврӯз - яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, таърихи шашҳазорсол дорад. Дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) маънии Наврӯз “рӯзи нав” буда, он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март таҷлил карда мешавад.
Наврӯз нишони бедории табиат ва инсон, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав буда, халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон, ҳамчунин бошқирдҳо ва тоторҳо ин идро ҳамчун оғози соли нав ва киштукору кишоварзӣ ҷашн мегиранд.
Наврӯз ҷаҳонӣ шуду...
Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. 19- феврали соли 2010 бошад, Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Пас аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид ин иди зебои баҳорӣ дар аксар кишварҳо, аз ҷумла дар тоҷикистони мо низ ҳамсола аз 21 то 24 март таҷлил карда мешавад.
Аз таърихи Наврӯз
Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯиё дар ин рӯз ба вай нури офтоб расидааст, вале қадимтарин манбаъе, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад, китоби муқаддаси зардуштиҳо “Авасто” мебошад. Тибқи таълимоти “Авасто” мардум вазифадоранд, ки ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар "шаш намуд" (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.
Чаро Наврӯз дар 21-уми март таҷлил мешавад?
Таҷлил аз наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш қабл аз ҳузури ислом арзи ҳастӣ карда буд, алоқамандӣ дорад. Мувофиқи он соли нав баҳорон 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеӣ ҳукмрон мегардад. Аз ҳамин рӯз мавсими нави кишоварзӣ ва киштани дони умед оғоз меёбад.
Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?
Дар замонҳои пеш Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли нав истиқбол мекарданд. Ниёгонамон бар он андеша буданд, ки шахси ба саҳро баромадаро тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст. Бояд гуфт, ки ин расм дар Эрон то кунун ҳифз шудааст ва дар ин кишвар ҳамсола Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад. Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон хос гардидааст. Рӯзи нуҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст.
Дар Тоҷикистон Наврӯз расман чаҳор рӯз — 21, 22, 23 ва 24 март таҷлил мешавад, вале имсол ба ифтихори ин ҷашни зебо мардуми тоҷик 8 рӯз аз 19 то 26 март истироҳат хоҳанд кард.