Мо нархи ягонаи чиптаи ҳавопайморо гуфта наметавонем. Зеро нархҳои чипта аз кишваре, ки павроз анҷом дода мешавад, аз вақти парвоз ва харҷӣ он муайян карда мешавад. Вобаста ба он ки худсарона нархи чиптаҳоро боло мебаранд, чораҳои қатъи андешида мешавад.
Субхон Икромзода, директори Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон ин нуқтаро қайд кард. Ҳамчунин дар ин нишаст аз фаъолияти яксолаи агенти соли 2021 ҳисобот дода шуда, рӯзноманигорон
“Хизматрасонаҳои фурӯдгоҳи солҳои охир бетағйир мондааст. Вобаста ба он ки хизматрасониҳои фурӯдгоҳ ба нархи чиптаҳо таъсир расонидааст, мо таҳлил карда мебароем. Оморҳо нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз то 7 000 мусофир аз чор фурӯдгоҳи байналмиллалӣ ба кишварҳои хориҷа парвоз мекунанд. Аз ин хотир мо барои беасос афзоиш додани нарх аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии парвозкунанда аст, чораҷӯӣ менамоем. Намегузорем, ки шаҳрвандони мо оид ба нақлиёти ҳавоӣ мушкилӣ дошта бошанд”, гуфт Субхон Икромзода, директори Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза.