Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Мадина Ақназарова ахиран дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев, ки дар шабакаи YouTube нашр шудааст, иқрор шуд, ки падарашро ҳурмат мекунад, аммо нисбаташ ҳисси дӯстдорӣ надорад.
Ӯ ягона духтари волидонаш мебошад ва замоне, ки дар синфи якум мехонд, падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд. Овозхон нақл мекунад, ки ҳарчанд падараш ҳамроҳашон набуд, аммо модараш мудом ӯро талқин мекард, ки падарашро дӯст дораду миннатдор бошад, зеро маҳз падараш ба ӯ ҳаёт додааст. “Вақте ки инсон дар зиндагиат иштирок мекунаду дар канорат аст, он вақт метавон дӯсташ дошт.
Маҷбуран касеро дӯст дошта намешавад”,-мегӯяд, овозхон бо дидаи гирён ва иқрор мешавад, ки нисбати падараш ҳисси дӯстдорӣ надорад, аммо ӯро ҳурмат мекунаду омода аст, ки барояш кори аз дасташ меомадаро бикунад. Ба гуфтаи Ақназарова, феълан падараш оиладор буда, дар Помир зиндагӣ мекунад. Мадина аз хурдӣ набудани падарро эҳсос намекард, вале замоне ки 13 ё 14- сола буд, падараш пайдо мешаваду ба ӯ таваҷҷуҳ мекунад ва боз якбора ғайб мезанад. Ҳамин ҳодиса боиси дилозурдагӣ ва ашки талхи овозхон шудааст. Мадина мегӯяд, ин бори аввал аст, ки барои падараш ашк мерезад. Дар идомаи барнома Ақназарова дар бораи бозгашташ ба Душанбе, таҳсил дар риштаи санъат ва дигар паҳлӯҳои кору фаъолияташ қисса кардааст.