Дандонбарорӣ марҳилаи физиологии организм маҳсуб ёфта, аз рӯи ҷараёни авиоларии даҳон дар милки дандон мебарояд. Ин давраро аксари кӯдакон бо мушкилӣ мегузаронанд, зеро ҳангоми баровардани дандон ба ҳолати ногувор гирифтор мешаванд.
Нишонаҳои беморӣ кадом аст?
Нишонаҳои умумӣ, беҳолатӣ, камшавии иштиҳо, вайроншавии хоби кӯдак, сурхшавӣ, варам ва «хориш»-и милки дандонҳо, обравӣ аз даҳон аломатҳои асосии он мебошад. Барои осон кардани раванди дандонбарорӣ ба фарзандатон аз ашёҳои махсус, ки милки дандонҳоро соиш медиҳад, малҳамҳои дардро карахткунанда муфид мебошад. Дар ҳолати аз нишонаҳои қайдгардида бештар шудани нороҳатӣ ба духтури кӯдакона ва ё духтури кӯдаконаи дандон муроҷиат кардан беҳтар аст.
Меъёри асосии дандонбарорӣ
Инсон дар давоми ҳаёт ду давраи пурраи дандонбарорӣ дорад. Аввал давраи кӯдакӣ аст, ки вобаста ба рушд карданаш дандонҳояшро мебарорад, ки онҳоро дандонҳои ширӣ, яъне муваққатӣ мегӯянд, ки давоми муддати аз 24 то 30 моҳ пайдо мешаванд. Давраи дуюм аз 5-14-солагиро дар бар мегирад.
То таваллуд шудани кӯдак дар даҳони ҳар як кӯдак аллакай 10 фолликулаи муваққатӣ ва 8 фолликулаи доимӣ (навдаи дандон) мавҷуд аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни инкишоф ва минерализатсия қарор доранд. Боқимондаи дандонҳои доимӣ пас аз таваллуд дар даҳон ташаккул меёбанд.
Дар марҳилаи аввал дар холигоҳи даҳон дандонҳои марказии поёнӣ, дар 8-9-моҳа дандонҳои марказии болоӣ пайдо мешаванд. Дандонҳои болоии паҳлуӣ дар кӯдак дар 9-11-моҳагӣ, паҳлуи поёнӣ дар 11-13-моҳагӣ падид меоянд.
Дандонҳои доимии кӯдакон аз дандонҳои калонсолон бо хусусиятҳои анатомиашон хеле фарқ мекунанд. Аз ҷумла, дар дандонҳои доимии кӯдакон ҳаҷми холигии дандон ва селлюлоза хеле калонтар ва миқдори бофтаҳои сахт камтар аст, аз ин рӯ, омилҳои гуногуни берунӣ метавонанд ба осонӣ боиси пӯсиш ва илтиҳобёбӣ гарданд.
Ташаккули дурусти сохтори дандонбарорӣ дар соли аввали ҳаёт вобастагии зиёд дорад. Баъзе олимони соҳаи дандонпизишкӣ қайд мекунанд, ки кӯдакони нахуст таваллудшуда аз кӯдакони баъдӣ тезтар дандон мебароранд.
Ҳодисаҳои таваллуди кӯдакони дандондор, ки бештар дандонҳои марказии поён вуҷуд дорад, ҳастанд. Сабабҳои пайдо шудани дандонҳои дохили бачадон маълум нест, вале гуфтан мумкин аст, ки дандонҳои бармаҳал пайдошуда дар сохторашон нуқсон доранд ва решаҳо пурра ташаккул наёфтаанд.
Чунин дандонҳо бояд баъд аз таваллуд канда шаванд, зеро дар вақти макидан пистони модарро захмин мекунанд, ки боси пайдо шудани бемории мастит мегардад.
Агар то яксолаги кӯдак дандон надорад, чӣ кумак кардан лозим аст?
Агар кӯдак то синни яксолагӣ як дандон надошта бошад, шумо бояд ба духтури дандонпизишкии кӯдакон муроҷиат кунед. Барои рафъи хориш ва дард гелҳои махсуси дорои таъсири карахткунандаи дарди мавзеӣ истифода мешаванд, ки онҳоро дар як рӯз чанд маротиба ба милки дандон молидан мумкин аст. Ҳамчунин, дар ин давра бозичаҳои махсусеро, ки аз пластикаи нарм сохта шудаанд, истифода бурдан бамаврид аст, ки кӯдак бидуни хатари осеб дидани милки дандон хоида метавонад. Беҳтар аст, ки дар ҳама ҳолат ба мутахассисони дандонпизишк муроҷиат кунед.