Гулхумор Бозороваи 30-соларо 15 бор ҷарроҳӣ карданд. Бори охир Бозороваро духтурони дилшинос ҷарроҳии плостикии НМД карданд. Айни ҳол ӯ дар зодгоҳаш- ноҳияи Мастчоҳ бо умеди шифо зиндагӣ дорад.
Бино ба гуфти падари Гулхумор-Атабой Бозоров аз соли 2013 то соли 2018 яъне дар давоми 5 сол духтарашро 11 маротиба: 8 маротиба дар беморхонаи дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, 2 маротиба дар беморхонаи дилу рагҳои шаҳри Душанбе ва соли 2018 дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳӣ кардаанд.
Аз соли 2018 то имрӯз боз чанд маротиба ҷарроҳӣ шуд, вале бенатиҷа.
“Хуллас, дилашро бурру дӯз ва қабурғаҳояшро шикаставу пайваст карданд, аммо бо ҳамин духтарам маъюб гашта, хонааш беморхона шуда монд. Сабаби дар шаҳри Хуҷанд не, ноҳияи худамон бистарӣ шудани духтарам дар он аст, ки “ҳама шифо меёбаду танҳо духтари ту такрор ба такрор бо шикоят назди мо меояд”-гӯён духтурони беморхонаи дили шаҳри Хуҷанд дигар табобати духтарамро ба зимма нагирифтанд”-афзуд падари бемор.
Бар замми шиддати дарди дил, дар лабаш ҳафтпӯст дамидааст, ки ин дард болои дарди кӯҳнааш зам шуда, зиёд азобу азияташ медихад. Нолаи ҷонкоҳи духтар, акши шашқатори модар, сари хами падар ва оҳи сарди Гулхумор дар дили сангдилтарин инсони олам ҳам ҳисси раҳму шафқатро бедор мекард.
10 сол боз беморхона хонаи дуюмам шудааст
“Вақте духтарамро ба беморхонаи дили шаҳри Хуҷанд бурдем, табибон ташхис карда гуфтанд, ки дилаш модарзод иллат дорад ва шифо меёбад, агар ҷаррҳиаш кунем. Мо ҳам бо умеди шифоёбии фарзандамон ба ҷарроҳӣ розӣ шудем. Аз куҷо медонистем, ки гул барин духтарамро маъюбу маслуқ карда, ба дастамон медиҳанду чор тарафатон қибла гуфта, ба ҳоли худ мемонанд. Тамоми дороиямонро барои як ҷароҳӣ сарф кардем, вале нарасид, ба болояш аз хешу табор ва бегонаҳо қарз гирифтем. Бар замми ҳамаи ин қарзи бонкӣ дорем. Одам ба дари беморхона афтад, сарҳисоби зиндагияш гум мешудааст. Акнун тасаввур кунед, ки қариб даҳ сол боз беморхона барои мо хонаи дуюмамон шудаасту дар ин қадар сол мо чи қадар маблағу асаб сарф кардаем”-қисса мекунанд наздикони Гулхумор.
Бемории хоҳар бардарро овора кард
Атабой Бозоров, падари бемор мегӯяд, вай дигар ба дили ёру дӯстон ва хешу табораш ҳам задаасту шарм медоранд, ки боз барои қарз пурсидан ба наздашон равад. Писари яккаю ягонаи ин хонадон баъди оиладоршуданаш барои табобати хоҳараи мазлумаш ба муҳоҷират рафта буд. Замоне ки бародари Гулхумор ба мардикорӣ рафт, занаш ҳомила буд. Акнун духтарчаи ӯ мактабхон шудааст, аммо ҳеҷ нест, ки падараш қарзҳои хоҳарашро канда, ба Ватан назди зану фарзандонаш баргардад. Падару модари бечорааш намедонанд, ки ғами духтари бемрашонро хӯранд ё ғами писари муҳоҷирашонро хӯранд, ки чиллаи шаҳиаш набаромада, аз дарди камбағалӣ ба Русия мардикорӣ рафту чандин сол боз дар мулки мардум овораю сарсон аст.
Раиси Мастчоҳ 20 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Аъзам Ализода дар давоми соли ҷорӣ барои табобати Гулхумор дар пайи муроҷиатҳои пай дар пайи падараш аз буҷети ҳукумати ноҳия 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ин маблағ барои дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар ҷарроҳӣ кардани бемор пешбинӣ шудааст, вале маълум нест, ки ин ҷарроҳӣ самари дилхоҳ медиҳанд ё не, зеро чандин аксари духтурони дилшинонос мегӯянд, ки сӯрохиҳои дилаш модарзодӣ ва табобати он ғайри имкон аст.