Фирӯза аз тирезаи маҳбас хост ба берун назар афканад, аммо ба ҷуз панҷараҳои сиёҳи оҳанин чизеро дида натавонист ва аз Ҳанифа, ки дар ду моҳи ҳабс ҳар ду хуб унс гирифта буданд, пурсид:
–Апаҷон, фаромӯш кардам, имрӯз чандуми март аст?
–21-ум. Наврӯз аст имрӯз, – ҷавоб гардонд Ҳанифа.
Фирӯза оҳи пурдарде кашида:
–Агар дар Ватан мебудам, аз дасти фарзандонам гирифта, ба тамошо мерафтам, суманак мепухтам, аз гулу себаргаҳо гулчанбар сохта, болои сари духтарамро гулпӯш менамудам ва тоқии чакан дӯхта, ба сари писарам мемондам, оташ меафрӯхтаму бо орзуи кам кардани гуноҳ аловпарак мекардем,–гуфту беихтиёр ба гиря даромад.
Ҳанифа ӯро ором карданӣ шуд. Вале натавонист.Дар ҳуҷраи танги маҳбас ҳар ду зани бадбахт гиристанду гиристанд.
Аз берун садои шир-шири борон ва чак-чаки қатраҳои он шунида мешуду аз дарун оҳи пурдарди ду зани гумроҳ. Барои ҳар ду ин лаҳза дунё холӣ буд, холитар аз зиндагии берангу бори дур аз Ватан. Фирӯза қариб ҳар шаб хоб медид, ки фарзандонашро аз дур мебинад ва бо тамоми қувват ба сӯяшон медавад, аммо фарзандон торафт аз ӯ дур мешаванду дур…
Бори дигар ба панҷараи оҳанини тиреза дида дӯхт ва даст ба гиребон бурда тавба карду ба писари аршадаш Ҷаҳонгир, ки акнун ба синфи шаш мегузашт, нома иншо кард:
«Ҷаҳонгири азизам, писараки меҳрубонам, агар тавонӣ, маро бубахш, чунки ман дар ҳаёт вазнинтарин гуноҳ содир кардам, фақат бо мақсади шуморо хушбахт ва серу пур дидан ба ин кори паст даст задам. Писарам, дар хурдӣ синаи модарро сахт газида будаӣ, ки ба ин рӯзҳо афтодӣ. Ба ҳамааш мани модари сарсахти ту гунаҳкорам, охир, ман медонам, ки ҷуз марг дигар ҳеҷ чизу ҳеҷ кас ҳақ надорад волидонро аз фарзандон ҷудо бикунад, аммо як рафтори беақлонаи ман шумо–азизонамро аз ман ҷудо кард. Писараки азизам, аз хоҳаронат чӣ хабар дорӣ? Ба ман навис. Охир, ту кӯдак ҳам бошӣ, марди хонаӣ, такягоҳи хоҳаронат хастӣ. Шабу рӯз фикри шумо таркам намесозад. Бовар дорам, ки баъди аз маҳбас баргаштан ҳаёти нав оғоз мекунем.
Бо эҳтиром модари сарсахту ҷигарсӯхтаат».
Фирӯза ашкашро, ки чанд қатраи он ба рӯи нома чакида буд, бо кафи дасташ пок карду сар ба домони андеша ниҳод. Шир-шири борон ва чак-чаки қатраҳои он баландтар садо медоданд. Гӯё осмони давлати бегона низ ба ҳоли модари тоҷик мегирист.
Ҳанифа ба ин зани бечора синчакорона назар духта, аз дил гузаронд: «Чӣ бонуи зебое ҳастӣ, Фирӯза. Худованд фарзанди Одамро ба кадом кӯчаю тангкӯчаҳои тақдир саргардон намекардааст. Эҳ зиндагӣ, зиндагӣ!»
Фирӯза лифофаро часпонда, аз Ҳанифа пурсид:
– Апаҷон, шумо ба ягон пайвандатон нома навиштанӣ нестед?
Ҳанифа баъди сукути дурудароз ба Фирӯза рӯ оварда, бори нахуст дар давоми ду моҳи бо ҳам дар маҳбас будан саҳифаҳои китоби умрашро пеши ӯ кушод…
Ҳанифа дар байни ҳафт акаву додар духтари яккаи падару модар буд. Аз овони кӯдакӣ нозу нузашро ҳама мебардоштанду гуфтаҳояш бечунучаро иҷро мешуданд. Падару модар хоҳиш доштанд духтарашон маълумоти хуб гирад, аммо Ҳанифа, ки аз хурдӣ нозпарвар буд, ба хондан завқ надошт. Ҳирси зебоипарастӣ, чизпарастӣ, ҷавоҳироти бисёр доштан дар дили ӯ аз кӯдакӣ лона гузошта буд. Агар ӯ гаронтарин чизро хоҳиш мекард, падару модар дастрасаш мекарданд. Духтари дилрабое буду бисёриҳо дар дил хоҳиши келин карданашро доштанд. Ҷавонон дар гирдаш парвона мешуданд, вале духтар ҳамонеро меҷуст, ки зебо бошаду сарватманд ва соҳиби хонаю мошин ва мансаби баланд…
Тобистон. Соҳили Баҳри Тоҷик. Ҳанифа дар қатори садҳо нафар аз гармӣ панаҳ ҷуста, дар ин гӯшаи биҳиштосо истироҳат мекард. Танҳо буд… Ҷавони зебое ба наздаш омаду бо илтифоти хоссае ба ӯ гуфт:
–Бори танҳоиро бо касе тақсим карданӣ нестед, духтари зебо?
–Аз куҷо донистед, ки кулфати танҳоиро бар дӯш дорам?-пурсид бо ишва Ҳанифа.
–Маро Муслим ном ниҳодаанд қиблагоҳам. Огоҳ будан аз ботини одамон, хосса дилбароне чун шумо, бароям ирсист.
–Агар ирсӣ бошад, гуфта метавонед, ки ҳозир дар дили ман чӣ орзуе исён дорад?
–Гуфта метавонам, вале ба шарте ки номатонро аз ман пинҳон надоред,–ҷавоб гардонид Муслим ва идома дод.–Агар номатонро мегуфтед, андешаи аз имрӯз он тараф орзуи ниҳонатонро пешатон арз мекардам.
–Ҳанифа ном дорам,–гуфт бо табассуми нозолуда духтар. Акнун бигӯед: дар дил чӣ орзуе дорам?
–Чӣ номи зебое! Аҳсант бар падаре, ки ин исмро ба…
–Бас! Акнун бигӯед, ки ҳозир чӣ орзуе дар дил дорам?–сухани Муслимро бурида пурсид Ҳанифа.
–Дилаки шумо, Ҳанифаҷон, мехоҳад, ки соҳибаш дар курсии пеши сабукраве роҳат карда, шаҳрро тамошо дошта бошад. Ана баъд…
–Хайр шуд. Дар гап усто будаед, дар амал чӣ?–пурсид Ҳанифа. Маълум буд, ки ҷавон маъқулаш шудааст.
Ҳамин тавр оғоз ёфт ба кӯи ишқ афтодани Ҳанифа.
Муслим бо суханони ширин ва «Бо як дидан ошиқу шайдоят шудам», –гуфтанҳо дили ӯро рабуд. Баъди ду моҳи мулоқот духтар ҳис кард, ки ҳомила шудааст. Дар мулоқоти навбатӣ, гаҳе ки Муслим ӯро ба оғӯш гирифта бӯсидани буд, бо қароҳат худро аз ӯ дур кашиду гуфт:
–Айшу ишрат бас, бояд ҳарчӣ тезтар тӯй кунем.
Муслим заҳрханде карду гӯё аз миёни онҳо чизе нагузашта бошад, гуфт:
–Чӣ хел тӯй? Ман се фарзанд ва зани нозанине дораму як тори мӯи онҳоро ба садҳо чун ту эркадухтар намедиҳам.
Дунё дар назари Ҳанифа тор шуд.Чӣ ҳам гуфта метавонист? Кор аз кор гузашта буд. Падару модар ва бародарон илоҷи воқеаро ҷӯё шуда, ба хулосае омаданд, ки ӯро ба никоҳи фарзанди хеши дурашон, ки дар деҳаи дурдасте иқомат дошт, дароранд. Тӯй дар тарабхонаи калонтарини шаҳр басо бодабдаба гузашт. Ба навхонадорон калиди мошин ва хонаи чорҳуҷрагиро туҳфа карда, бо ҳамин пайвандони духтар аз шармандагӣ гӯё худро раҳониданд.
Вале Ҳанифа аз роҳаш нагашт: хешбачаи деҳотиашро писанд намекард, шабҳо ба хона дер меомад, ба шавҳараш рӯи хуш намедод. Маоши шавҳар ӯро қонеъ намесохт. Мехост соҳиби ҳама чиз бошад: савлату давлату маишат…
Байни ин ду ҷавон девори ноаёну сангини нобоварӣ, беҳурматӣ, дилсардӣ ва пур аз таҳқир боло шуда, сӯи осмон қад кашид.
Тавлиди фарзанд ҳам ӯро дигар накард. Нигоҳубини кӯдак бар дӯши шавҳар афтода буд, модар бошад, чанд рӯз ғайб мезаду масту аласт бармегашт ба хона. Пайвандони Ҳанифа аз ин ҳама огаҳ бошанд ҳам, худро нодида мегирифтанд.
Давом дорад...