Formula novemver 2024
Чаро Файзалӣ ҳамсарашро оташ зад?
904

“Дар ҳамин ҷо дастурхон партофтагӣ буд, ҷангу ҷанҷол шуд, як шапотӣ задам, ки боз дашном дод... Хап накард. Дастонашро бастаму ба банд 5-6 дақиқа гулӯяшро маҳкам кардам. Вақте ҷонаш баромад, сар додам....”

Ин суханони як марди сангдил ва бераҳм аст, ки тафсилоти қатли ҳамсарашро дар рӯ ба рӯи камера дар барномаи “Ахбори ВКД” қисса кард.

Файзалӣ Боеви 36-сола, сокини деҳаи Булбулчашмаи шаҳри Ҳисор буда, дар як вақт бо ду зан зиндагӣ мекардааст.

Шаби 24-уми май вай дар ҳолати мастӣ бо зани дуюмаш Сафаргул Самандарова, сокини деҳаи Гулизораи шаҳри Ҳисор ҷангу хархаша карда, ҳамсарашро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад.

Марди золим бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти содир кардааш ҷасадро ба ароба бор карда, ба заминҳои ҳудуди деҳаи Булбулчашма оварда, болои онро бо алафи хушк пӯшонда, ба болояш ду баклашка бензин пошида, оташ мезанад, вале дар дунё ягон сирру асроре нест, ки абадан пинҳон монад. Амали ваҳшиёнаи ин марди сангдил низ фош шуда, ӯ ба чанг афтид.

Айни замон дар Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбат ба гумонбар бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД