Салом! Ман донишҷӯ ҳастам ва чанд вақт боз дарди меъда азобам медиҳад. Ростӣ, то дохил шудан ба донишоҳ аз саломатиам ягон шикоят надоштам.
Ҳайронам, ки чаро баъди донишҷӯ шудан вазъи саломатиам якбора бад шуда, меъдаам ин қадар маро азият дода истодааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Барои халосӣ аз дарди меъда чи кор кунам?
Муборак, донишҷӯи ДМТ
Посух
Барои посух гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба чанд нафар табибон муроҷиат намудем. Тавре ки муттахассисон гуфтанд, варами меъда аз зумраи бемориҳои паҳншудаи узвҳои дохилӣ ба шумор рафта, бештар донишҷӯён ва шахсоне, ки реҷаи хӯрокхӯриро вайрон мекунанд, ба ин касалӣ гирфтор мешаванд. Инсон бояд дар як рӯз 3-4 маротиба ғизои солим, яъне хӯрокҳои мулоим ва нағз пухташударо истеъмол намояд. Вақте ки кас реҷаи хӯрокхӯриро вайрон карда, дар вақту соаташ хӯрок намехӯрад ё ба ҷойи ғизои солим пирожки, самбӯса, хот-дог, гамбургер, чизбургер, чипси, криешки хӯрда, фантаю кола ва дигар нӯшокиҳои газнокро менӯшад, гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда мегардад, зеро ҳазм кардани ин хӯрданиҳо барои узвҳои ҳозима душворӣ мекунад. Шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифторанд, агар реҷаи хӯрокхӯриро риоя накунанд ва аз истеъмоли ғизоҳои серравған ва сахти душворҳазм даст накашанд, чи дорӯе, ки нагиранд, фоида намекунад. Дар мавриди варами меъда бошад, табибон таъкид карданд, ки гастрит чанд намуд мешавад ва вобаста ба навъи беморӣ усулҳои табобаташ аз ҳамдигар комилан фарқ мекунанд. Аслан аз меъёр зиёд ё кам будани кислотаи солянӣ дар организм касро ба гастрит гирифтор месозад. Ин кислота аз меъёр бисёр бошад, беморӣ “Гиперацидный гастрит” номида мешавад, вале аз меъёр кам бошад, онро “гипоацидный гастрит” меноманд. Илтиҳоби меъдаю рӯда метавонад ба бактрияҳо низ вобастагӣ дошта бошад ва ин навъи гастритро “Хеликобактерный гастрит” меноманд. Барангезандаи ин навъи гастрит бактерияҳои “Хеликобактер пилори” мебошанд. Тавре ки мебинед, гастрит намудҳои зиёде дорад ва барои он ки табобат самар диҳад, табибон бояд муайян намоянд, ки шумо маҳз ба кадом намуди гастрит гирифтор ҳастед. Аз ҳамин хотир мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ҳатман ба муттахасиси соҳа, яъне табиби гастроэнтеролог муроҷиат намоед.
Ф. Сатторӣ