Пас аз никоҳ арӯсу домодро то 40 рўз баъди шом танҳо гаштан намемонанд. Мехостам сабабашро бидонам. Илтимос, ҳамин масъаларо аз назари шаръӣ шарҳ диҳед.
СУРАЙЁ, ш. Ваҳдат
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Хоҳари азиз, ин асоси шаръӣ надорад, вале хуб аст, ки шаб танҳо набошанд, чаро ки шаҳу арӯс аз ҷиҳати ҷисмию ҳиссӣ заиф мешаванд, барои ҳамин танҳо набошанд, беҳтар аст.