Аксари шахсоне, ки аллергия доранд, фасли баҳорро дӯст намедоранд, зеро баробари шукуфтани дарахтон ҳоли онҳо зор шуда, касалиашон авҷ мегирад.
Маъмулан хуруҷи аллергия аз охирҳои моҳи март ё нимаи аввали апрел сар мешавад. Нимаҳои моҳи апрел гули дарахтон дар ҳавои боди баҳорӣ ба парвоз медарояд ва ҳоли одамони аллергия дошта боз ҳам вазнинтар мешавад. Аллергияи баҳориро “поллиноз” меноманд, бар асари ин беморӣ бинӣ маҳкам шуда, кас пай дар пай атса мезанад ва оби чашмонаш беист шорида, хориши гулӯ азияташ медиҳад. Ин ҳолат то охирҳои моҳи май идома ёфта, шахси аллергия дошта сахт азоб мекашад, зеро ба болои атсаи тӯлонии пай дар пай ва обравии чашмон сулфи хушк низ изофа гашта, ҳоли касро табоҳ месозад.
Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Нишонаҳои аллергия ҳар баҳор шуморо азият медода бошанд, ҳатман ба духтури аллерголог муроҷиат намоед. Табиб ташхисҳои махсус гузаронида, аниқ мекунад, ки шумо маҳз аз кадом растанӣ аллергия доред ва мувофиқи он табобат мефармояд. Барои пешгирии аллергия аксаран хӯрдани як доруи зидди аллергия кифоя аст.