Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон яке аз фарзҳои муҳимест, ки ҳар як шахси мусалмони болиғ, солимақл ва тандуруст бояд ба ҷо оварад. Рӯза гирифтан натанҳо инсонро аз гуноҳҳо пок месозад, балки барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад.
Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки ҷисми одамоне, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза медоранд, тоза шуда, барои як соли дигар қуввату неруи нав мегирад. Рӯзадорӣ ҷисми инсонро аз ҳар гуна заҳрҳо пок намуда, сатҳи қандро дар хун паст ва системаи муҳофизатии организмро пурқувват месозад. Ҳамин тавр, рӯза гирифтан ба пешгирӣ намудани раванди пиршавии организм мусоидат менамояд. Аз ҳамин хотир, мо имрӯз дар бораи 10 манфиати гирифтани рӯза ба шумо маълумот медиҳем.
Ҷисм аз заҳрҳо тоза мешавад
Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад, ки равғанҳои шикам ва дигар қисматҳои бадан об шуда, заҳрҳои дар организм ҷамъшуда аз ҷисм хориҷ гарданд.
Рӯза иммунитети инсонро баланд месозад
Дар сурати риоя намудани қоидаҳои рӯзадорӣ гирифтани рӯза боиси пурқувват гаштани иммунитети инсон хоҳад гашт. Барои ин, шахси рӯзадор бояд субҳу шом, яъне ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор ғизои солим истеъмол намояд.
Рӯзадор ба бемориҳои илтиҳобӣ гирифтор намешавад
Исбот шудааст, ки рӯза гирифтан боиси кам шудан ва ҳатто тамоман нест шудани нишонаҳои бемориҳои илтиҳобӣ дар организми инсон мегардад. Гирифтани рӯза ҳамчунин касро аз алллергия ва бемориҳои артрит ва псориаз халос мекунад. Табибон тахмин мекунанд, ки рӯза гирифтан боиси тезтар халос шудан аз бемориҳои рӯда, аз ҷумла “язвенный колит” гашта метавонад.
Рӯза чашмро равшану пӯстро ҷавон месозад
Ҳангоми рӯзадорӣ дар ҷисми инсон ҷараёни бозсозии дохилӣ оғоз ёфта, дар натиҷа пӯст ҷавону пуртароват мегардад ва нури чашм равшантар мешавад. Аз ҳамин сабаб, баъди моҳи шарифи Рамазон чашмони инсон дурахши тоза пайдо мекунанд.
Сатҳи қанд дар хун паст мешавад
Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисми инсон ба инсулин ҳассостар мегардад, ки ин бисёр муҳим аст. Ҳассосияти ҷисм ба инсулин намегузорад, ки баъди хӯрдани хӯрок сатҳи қанд дар ҷисми инсон баланд шавад. Барои кори бонизоми ғадуди зери меъда низ ин бисёр муҳим ва фоидаовар аст.
Фишори хун паст мешавад
Рӯза гирифтан боиси паст шудани фишори хун мегардад. Аз ҳамин сабаб, аксари шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, дар давраи рамазон худро беҳтар эҳсос мекунанд. Фишори хун ба низом медарояд, агар шахси рӯзадор реҷаи хӯрокхӯриро ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор дуруст ба роҳ монда, ба парҳез риоя намояд.
Фоидаи рӯза ба рӯдаю меъда
Рамазон давраи истироҳати рӯдаю меъда шахсони рӯзадор мебошад. Агар кас баднафсӣ карда, субҳу шом аз ҳад зиёд хӯрок нахӯрад, кори системаи ҳозимааш беҳтар гашта, аз бисёр дарду иллатҳои рӯда ва меъда халос мешавад.
Рӯзадор аз вазни зиёдатӣ халос мешавад
Дар давраи рамазон дар ҷисми инсон ҷараёнҳое, ки боиси тезтар партофтани вазни зиёдатӣ мегарданд, фаъол мешаванд. Дар натиҷа равғанҳои бадан об шуда, кас тезтар лоғар мешавад. Дар сурати кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серравған, хамирӣ ва қанду шириниҳо шумо баъди рамазон низ химчамиён мемонед. Аммо барои он ки ҷисматон қувату нерӯ бигирад, бояд бештар меваю сабзавоти тару тозаро нӯши ҷон созед.
Инсон ба ғизои солим шавқ пайдо мекунад
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар давраи рамазон одамон аз баҳри хӯрдани фастфуд, ҳасиб, обҳои газнок ва дигар хӯрокҳои нимтайёри зараровар гузашта, ғизои солим истеъмол мекардагӣ мешаванд. Бештар истеъмол кардани хӯрданиҳои табиӣ ва ғизои аз нигоҳи экологӣ тоза ҷисми инсонро бо витамину минералҳои зарурӣ таъмин намуда, кас ба тарзи ҳаёти солим одат мекунад.
Рӯзадорӣ - роҳи беҳтарини халос шудан аз одатҳои бад
Рӯза гирифтан барои халос шудан аз одатҳои бад ёрӣ мерасонад. Шахсоне, ки ба маю шароб майл доранд, тамоку ё нос мекашанд, дар моҳи шарифи рамазон тарки ин корҳо намуда, хуморашон камтар мешавад. Олимон исбот намудаанд, ки дар давраи рамазон талаботи ҷисми инсон ба никотин, алкогол, кофеин ва дигар маводҳои хуморовар кам мешавад. Агар шумо чунин одатҳои бад доред, барои партофтани маю шароб рамазон баҳонаи беҳтарин аст.