Дар табу тоби туам,
Хонахароби туам,
Ман, мани девонаи ошиқ
Эй, ту сару сомони ман,
Нимаи пинҳони ман,
Ҷони туву ҷони як ошиқ
Ошиқатам то абад,
Дур шавад чашми бад
Аз туву дунёи ману ту.
Эй моҳ, илоҳи фақат,
Кам нашавад сояат
Аз шабу рӯзои ману ту...
Дар Тоҷикистон шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки ин таронаи марғубро нашунида бошад. Рӯзҳои наздик сарояндаи ин суруди ҷаззоб, ситораи мусиқии попи Эрон - Орун Афшор ба кишвари мо ташриф оварда, хотири мухлисони бешуморашро бо барпо намудани барномаи рангини консертӣ шод хоҳад кард.
Садои дилангези Орун Афшор натанҳо дар Эрон ва Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон миллионҳо одамонро мафтун намудааст, вале аксари мухлисонаш дар боби ҳаёти шахсии ин ҳунарманди ҷавону овозадор маълумот надоранд. Аз ҳамин хотир бо хоҳиши ҳаводорони бешумораш мо чанд далели ҷолибро аз рӯзгори Орун Афшор манзури шумо-хонандагони азиз месозем.
Номи аслии Орун Афшор чист?
Орун Афшор аз зумраи чеҳраҳои шинохтаи мусиқии попи Эрон мебошад. Ин ҷавони боистеъдод 22-юми июни соли 1998 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст. Орун тахаллуси ҳунариаш буда, номи аслиаш Воҳид Афшор будааст. Як бародар низ дорад, ки мисли худаш бо роҳи ҳунар рафтааст.
Дар ҳунарманд шудани Орун Афшор хонаводааш нақши муҳим бозидаанд, зеро Орун аз овони кӯдакӣ дар муҳити пур аз созу суруд ва мусиқӣ ба воя расидааст.
Бо роҳи падар
Аҷибаш он аст, ки Орун Афшор на дар мактаб ва на дар донишгоҳ аслан дар риштаи мусиқӣ таҳсил накардааст. Мактаби ҳунарии ин овозхони шӯҳратёри эронӣ аз муҳити оилавиашон оғоз ёфта, дар ҳаёти эҷодии ӯ нақши падараш - Ҳабиб Афшор, ки овозхон, оҳангсоз ва пианисти машҳурест, хеле бузург аст. Ҳанӯз аз синни ҳафтсолагӣ падараш ба Орун нозукиҳои мусиқӣ ва навохтани гитору пианиноро ёд дода, ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ӯро бо асрори олами мусиқӣ ошно намудааст. Падари ҳунармнадаш Орунро бо худ ба маъракаю барномаҳои консертӣ мебурд ва ҳамин таҷрибаҳои даврони кӯдакӣ имкон доданд, ки ӯ тадриҷан ба олами санъат ворид гашта, бо саҳна ошно шавад. Шояд маҳз таъсири муҳити саршор аз созу суруд ва ҳунари хонаводагӣ буд, ки ба овози Орун натанҳо техника, балки эҳсоси хеле баланд бахшидааст.
“Ҷонам бош” - таронае, ки шӯҳрат овард
Баъзе ҳунармандон барои машҳур шудан солҳо заҳмат мекашанд, аммо гоҳо як тарона метавонад сарнавишти эҷодкорро дар як лаҳза тағйир диҳад. Барои Орун Афшор чунин таронаи сарнавиштсоз «Ҷонам бош» гашт, ки самари ҳамкорӣ бо продюсери машҳур Моин Раҳбар буда, номи ин ҷавони оддии эрониро дар муддати кӯтоҳ вирди забони миллионҳо дӯстдорони мусиқии форсӣ гардонд. Бояд гуфт, ки қабл аз ин, Орун чанд оҳанги дигар суруда буд, вале танҳо пас аз таронаи марғуби “Ҷонам бош” Орун Афшор ҳамчун овозхони боистеъдод ва ҳирфаӣ дар олами мусиқии форсӣ машҳур гашт.
Аз Теҳрон то саҳнаҳои бузург
Пас аз ин, дар ҳаёти эҷодии ӯ марҳилаи нави ҳунарӣ оғоз ёфта, таронаҳои «Табиби моҳир», «Шаби рӯёӣ», «Гисӯи парешон», «Дилшӯра», «Соҳили оромиш» ва дигар оҳангҳои марғубаш мавқеи Орунро тадриҷан дар саҳнаи попи форсӣ мустаҳкам намуданд.
Нахустин барномаи ҳунарии Орун Афшор соли 2019 дар толори “Милод”-и Теҳрон баргузор гашта, аз 15 тарона иборат буд ва Моин Раҳбар ба ҳайси роҳбари оркестр бо ин ҳунарманди ҷавон ҳамкорӣ мекард. Пас аз ин, консертҳо дар шаҳрҳои гуногуни Эрон идома ёфтанд ва Орун аз як овозхони ҷавони умедбахш ба яке аз чеҳраҳои маъруфи попи муосири форсӣ табдил ёфта, соли 2020 дар Фестивали мусиқии “Фаҷр” ҳунарнамоӣ кард. Дар ин фестивал Орун Афшор таронаи «Гисӯи парешон»-ро суруд ва тамошобинон онро хеле гарм пазируфтанд.
Дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон
Ҳамин тавр садои афсунгари ин овозхони ҷавон торафт бештар доман паҳн карда, марзҳоро убур намуд вадар бузургтарин давлатҳои олам аз қабили Амрико, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Аврупо машҳур гашта, дар Атланта, (The Eastern), Форт-Лодердейл (Lillian S. Wells Hall), Анаҳайм (City National Grove of Anaheim) ва Чикагои ИМА, Лондон (дар толори indigo дар O2 Arena) ва Манчестери Британияи Кабир, Дубай (дар меҳмонхонаи Jumeirah Zabeel Saray)-и Аморати Муттаҳидаи Аараб барномаҳои рангини консертӣ барпо намудааст.
Асрори паси пардаи ҳунар
Аммо бо ин ҳама шӯҳрату маҳбубият Орун Афшор ҳамеша кӯшиш мекунад асрори ҳаёти шахсиашро аз мухлисон пинҳон созад. Дар бораи ишқу издивоҷ ва муносибатҳои ошиқонаи ин ҳунарманди ҷавон дар манбаъҳои расмӣ қариб, ки ягон маълумот вуҷуд надорад. Маълум нест, ки Орун дӯстдухтар дорад ё не, вале худи ӯ дар яке аз суҳбатҳояш бо журналистон гуфтааст, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст ва сӯзу гудози ошиқонаеро, ки дар таронаҳояш месарояд, набояд ҳамчун бозтоби зиндагии шахсии овозхон қабул кард.
Орун Афшор ва Тоҷикистон
Барои шунавандагони тоҷик Орун Афшор танҳо як овозхони эронӣ нест. Забон, фарҳанг ва мусиқии муштарак боис гашта, ки таронаҳои марғуби ӯ дар дили садҳо нафар ҳаводоронаш дар кишвари мо маъво бигиранд.
Худи Орун Афшор низ Тоҷикистонро ватани дуюми хеш медонад ва бо ҳунармандони тоҷик робитаи наздик дорад. Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам ва Ҷонибек Мурод аз ҷумлаи дӯстони наздик Орун Афшор мебошанд.
Шоми ҳунарии Орун Афшор дар Душанбе
Ва инак, Орун Афшор боз ба Тоҷикистон меояд. Консерти ин ҳунарманди машҳури эронӣ, ки бояд 23 сентябр баргузор мегашт, ба санаи 14–уми октябри соли 2026 гузаронида шуда, дар ин шоми гуворо Орун Афшор бо таронаҳои дилангезаш ба мухлисони тоҷикистонаш як ҷаҳон ишқу эҳсос мебахшад.
Ф. САТТОРӢ