Sebiston new 2024 october
Чагалдакро чи гуна мепазанд?
1592


Салом. Дар Иди саиди Фитр пӯхтани ширинӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикона ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ҳамин хотир имрӯз мо ба шумо тарзи тайёр кардани чагалдакро нишон медиҳем, то тавонед барои дастархони идонаи худ чагалдак пазед.

                           Маҳсулоти лозима:⠀
Оби ҷӯшомада – 250 мл
Шири гарм – 250 мл
Орд – 1 кг
Тухм- 2 дона
Хамиртуруш – 1 қошуқча
Намак – 2 қошуқча
Пиёз – 1 дона
Кабудӣ (укроб, пиёзи сабз) мувофиқи табъ
Мурч- мувофиқи табъ
Равғани растанӣ – 500 мл

                            Тарзи таҳия:
Аввал дар корсонча оби гарм, шир, намак, хамиртуруш андохта, хуб омехта мекунем. Ордро кам–кам илова карда, хамири мулоим шӯред. Гуфтагӣ барин, ба хамир 1 дона тухм ва равғани растанӣ илова кардан лозим аст, то ки часпак нашавад. Болои хамирро пӯшонда муддати 1 соат дар ягон ҷойи гарм нигоҳ медоред.

Дар ин миён кабудӣ ва пиёзро реза карда, ба хамир илова кардан лозим аст. Мувофиқи табъ мурч пошед. Ба дег равған рехта, дар оташи паст чагалдакҳоро мепазем. Иштиҳои том ба шумо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД