Arzon march 2024
ЧӢ ТАВР АКТРИСАИ МАШҲУР ДАСТ БА КОРИ РЕЖИССЁРӢ ЗАД?
3233

Санаи 19 декабр дар хонаи кино – кинотеатри «Зебунисо» нахустнамоиши филми «Обмани себя»-и режиссёр Таҳмина Раҷабова баргузор шуд, ки дар он ҳунармандон, кинематографистон, аҳли адаб ва рӯзноманигорон ширкат карданд. Тамошобини тоҷик, бо номи Таҳмина Раҷабова солҳои дароз аст, ки ошноӣ дорад, зеро ӯ ровии маъруфу актрисаи шинохта аст, вале касе интизор надошт, ки Таҳмина даст ба режиссёрӣ мезанад...

              Иқтисодчие, ки ситораи телевизион шуд

Қабл аз он ки дар мавриди филми тозасабти Таҳмина ҳарф занем, мехоҳам чанд сухан дар бораи пайроҳаи зиндагӣ ва эҷоди ӯ бароятон қисса кунам.

Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи Малика Собирова ва ҳамзамон дар синфи фортепиано таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо низ муваққатан ба Русия кӯчид. Таҳмина таҳсилашро дар он ҷо идома дод.

Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд.

Ӯ аз нав ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард.

Соли 2006 ба телевизиони «Сафина» ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омада, пас аз як моҳи фаъолият ба чашми сармуҳаррири идораи ахбор меафтад ва ӯро аз санҷиш гузаронда, ба хотири чеҳраи телевизионӣ доштану забони русиро донистанаш ба ҳайси наттоқи бахши русии барномаҳои иттилоотӣ ба кор қабул мекунанд. Таҳмина солҳо дар телевизион фаъолият кард ва даҳҳо чорабинии сатҳи баландро гардонандагӣ карда, дар дили мардум ошён гузошт.

Аз телевизион ба синамо

Бори нахуст Таҳмина дар синамо дар филми Юнус Юсупов бо номи «Зистан мехоҳам» нақши кӯчаки ёрдамчии муфаттиш ва баъдан дар филми «Умеди охирин»-и Саид Қодирӣ нақши дуюмдараҷаро бозида, санҷиши аввалини ҷиддиро дар соҳаи синамо гузашт. Сипас ба киностудияи Тоҷикфилм даъват шуда, дар филми коргардон Саидҷон Қодирӣ зери унвони «Убури сангин» нақши асосиро иҷро кард.

Соли 2008 дар Ҷашнвораи синамоии «Дидор» филми «Умеди охирин» соҳиби ҷоиза гардид. Ва нақши бозидаи Таҳмина мавриди таваҷҷуҳи коргардони тоҷиктабори Афғонистон Асад Сикандар қарор гирифт ва ӯро барои нақшофарӣ дар филми муштараке бо ҳамкорони боливудӣ бо номи «Мадраса» (ҳоло «Муҳоҷир») ба Афғонистон барои иҷрои нақши асосӣ даъват кард. Таҳмина дар ин филм нақши модари хонаводаро иҷро кардааст.

Соли 2011 филми «Марде дар орзуи зани панҷум»-и коргардони афғон Сиддиқ Обидӣ, ки дар музофоти Фароб ва Балхи Афғонистон наворбардорӣ шуд, Таҳмина нақши зани сеюмро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» гардид.

Ҳамин тавр, то ба имрӯз Таҳмина Раҷабова дар синамо наздики 20 нақшро иҷро кард.

Нақши духтур дар “Барачаи хаёлӣ”-и Абдулҳай Зокиров (2009), Замира дар ”Қасос”-и Руслан Мирзоев (2012), Нигора дар “Журналист”-и Аъзам Розиқ (2012), Малика дар “Паймон”-и Муҳиддини Музаффар (2012), Фаришта дар “12 соли интизорӣ” (2014), Нигора дар “Муфаттиш”-и Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Сайёра дар “Сайёра ранг иваз мекунад”-и Муҳиддини Музаффар намунаи беҳтарин нақшҳои Таҳмина Раҷабова дар кинои тоҷик мебошад.

Инак, Таҳмина баъди ворид шудан ба олами синамо даст ба кори режиссёрӣ зад ва нахустин филми хешро сабт намуд.

Чаро Таҳмина режиссёр шуд?

Соли гузашта Таҳмина Раҷабова донишҷӯйи мактаби олии кинои Русия – ВГИК шуд. Дар суҳбатҳое, ки қаблан бо ӯ доштам, ҳамеша мегуфт:

“Ман ихтисоси актёрӣ надорам. Бо вуҷуди он, ки дар чандин семинар ва мастер-классҳо иштирок кардам ва аз устодони бузург маҳорати актёрӣ омӯхтам, вале орзуи таҳсил дар соҳаи ҳунар маро ором намегузорад”. Ҳамин тавр, ӯ дар пайи амалӣ шудани орзуи хеш қадами ҷиддӣ гузошт, донишҷӯйи ВГИК шуд, аммо на ба шӯъбаи актёрӣ, балки шомили шуъбаи режиссура гардид ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Сабаби чунин иқдоми ӯро намедонам, вале ӯ ба дасти устоди асил афтод. Режиссёри бузурги кинои тоҷик ва рус Валерий Боқиевич Аҳадов ӯро зери қанот гирифт. Инак, ба сифати кори курсӣ Таҳмина Раҷабова филми кӯтоҳметражи хеш – “Обмани себя”-ро сабт кард.

“Ман нияти намоиш додани филми нахустинамро надоштам, вале Валерий Боқиевич, устодам гуфтанд, ки дар хонаи кино онро намоиш деҳ ва назари мутахассисонро пурс. Маслиҳату машварати устодону мутахассисон барои ман муҳим аст. Бинобар ин, розӣ шудам, ки кори шогирдонаро пешкаш кунам.” – мегӯяд Таҳмина.

Аз ӯ суол кардам, ки дар саҳнаи сабти кино ба сифати актриса баромад кардан осон аст ё режиссёр? Ӯ чунин посух дод:

“Ҳар ду пеша душвориҳои худро дорад. Вале режиссёрӣ душвортар, зеро ту масъулияти ҳамаи ширкаткунандагони филмро ба дӯш дорӣ. Аммо ман бо тими хуб кор кардам ва дар майдони сабт ҳама маро гӯш мекарданду маслиҳат медоданд”.

-Дар оянда ба ҳайси актриса кор кардан мехоҳӣ ё режиссёр, - пурсидам аз Таҳмина. Ӯ чунин посух гуфт:

-Ҳам актриса ва ҳам режиссёр. Агар пешниҳоди хуб шавад, ҳатман нақш мебозам ва агар идеяи ҷолиб пайдо шавад, филм ба навор мегирам.

Ғурури нобаҷо...

“Обмани себя”, филми режиссёр Таҳмина Раҷабова аз рӯйи асари Диловари Султон ба навор гирифта шуда, 28 дақиқа идома мекунад. Он қиссаи ишқи ноком аст... Хуршеду Малика ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ҳамдигарро дӯст медоранд, вале як нофаҳмӣ (дар пушти мактаб бӯса кардани Далер Маликаро) сабаб мешавад, ки онҳо аз ҳам ҷудо шаванд. Сарнавишт онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Хуршед ба Олмон ҳиҷрат карда, оиладор ва соҳиби ду фарзанд мешавад, вале аз занаш ҷудо шуда, ба суроғи Малика ба Душанбе меояд. Малика, 17 сол аст, ки дар интизори Хуршед аст, ҳатто шавҳар накардааст, вале вақте бо ӯ вомехӯрад, мегӯяд ки хушбахт аст, шавҳару фарзанд дорад.

Ин ду ошиқи ноком дар ботин ҳарфҳои зиёде доранд, ки бояд ба ҳам гӯянд.

“Ту аз аввал ба ман бевафоӣ кардӣ. Ба Далер дил додӣ. Медонам ба ту чунин ҷавонони бесар ҳамеша писанд буданд. Дар рӯзи хатми мактаб бо ӯ бӯсобӯсӣ кардӣ. Вале ман туро ҳанӯз дӯст медорам...”-мегӯяд, дар қалби хеш Хуршед.

“Ту ҳатто маро гӯш кардан намехоҳӣ. Он рӯз Далер маро маҷбур бӯса кард. Интизор шудам, ки ту ба ӯ мефаҳмонӣ, ки аз ту ҳастам. Бо ҳамин ӯ даст аз ман мебардорад, вале ту рафтӣ...” – мегузарад аз қалби Малика.

Вале ғурури нобаҷо намегузорад, ки инҳо бо ҳам ҳарф зананд, роз гӯянд ва ба мурод расанд. Билохира, Хуршед ба Олмон бармегардаду Малика дар Душанбе ҳамоно танҳо мемонад.

Нақши Хуршедро дар ин филм актёри маъруф Хуршед Мустафоев ва Маликаро Марианна Баракбаева бо маҳорати том иҷро кардаанд...

Бардошт аз ин филмро метавон бо ин мисраъҳои Гулрухсор баён намуд:

Ду чашми бози кӯрамро қазо гирад,

Ғурури нобаҷоямро Худо гирад.

Таҳмина Раҷабова ҳам бо ин филм гуфтанист, ки инсонҳо бояд самимӣ бошанд, ба ҳамдигар роз гӯянд, якдигарро шунаванд... ӯ мехоҳад гӯяд, ки инсони мағрур дучори шикаст аст...

Кинои асил

Баъд аз намоиши филми “Обмани себя” муҳокимаи филм сурат гирифт. Киношинос Саноат Азизова дар суҳбати хеш гуфт:

“Ман имрӯз кино дидам... Кинои ҳақиқӣ. Онро духтари тоҷик ба навор гирифтааст, ин боиси хурсандист. Албатта, дар бозии актёрон, кори оператор баъзе нуқсҳои ҷиддӣ ҳаст, вале дар умум филм муваффақ аст. Кинои тоҷикро бо тавлиди режиссёри нав бо номи Таҳмина Раҷабова табрик мегӯям”.

Собиқадори кино, рассом Манзура Улҷабоева, ки дар сабти даҳҳо филм ширкат кардааст, қайд кард:

“Боиси хурсандист, ки Таҳмина аз қадамҳои нахустини хеш муносибати ҷиддӣ доштанашро ба кино таъқид кард. Филм ба ман писанд омад, бозии актёрон дар сатҳи баланд аст”.

Суханшинос Амина Шарофитдинова, ки аз шаҳри Самарқанд ташриф овардааст, зимни муҳокима гуфт:

“Филм хеле муассир аст. Он роҳнамост. Инсонро ба андеша водор мекунад, ки эй инсон мағрур нашав, рози дилатро кушо, самимӣ бош. Бовар дорам, ки ин филм мухлисони зиёд пайдо хоҳад кард”.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон мегӯяд, ки кинои нав дар дасти занон хоҳад буд ва кинои тоҷик аз Таҳмина барин режиссёр умеди зиёд дорад.

Дар ин намоиш ба муаллифи ин сатрҳо низ навбати сухан расид. Ин нигоштаро бо ҳарфҳое, ки дар ин ҷо гуфтам, ҳусни хотима мебахшам.

Таҳмина Раҷабова зотан журналист аст, бинобар ин, ҷасорат дорад, аз таҷриба кардан наметарсад. Ӯ худро ба сифати актриса санҷид ва дар ин ҷода муваффақ шуд.

“Обмани себя” қадами нахустини як донишҷӯ аст, вале дар касбияти он шубҳа нест. Агар филми як донишҷӯ чунин бошад, пас кинои тоҷикро режиссёри соҳибсабк ва ояндадор интизор аст. Барои ин Таҳминаро кор мебояд, кор...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД