Чӣ гуна маълумоти молиявиро муҳофизат намоем?
117

Бо рушди технология, имрӯз мо қариб ҳама корро тавассути интернет анҷом медиҳем. Харид мекунем, маблағ мефиристем, хизматрасониҳои бонкӣ ва ҳатто қарзро онлайн мегирем. Аммо, ҳар қадар интернет барои мо имконият медиҳад, ҳамон қадар хатар низ меорад. Аз ҳама маълумоти осебпазир иттилооти молиявӣ аст. Яъне, маълумоти марбут ба корт, суратҳисоб ва паролҳои бонкии мо аст.

Чаро ин муҳим аст?

Маълумоти молиявӣ мисли калиди сандуқ ё сейфи шахсии шумо аст. Агар ин маълумот ба дасти шахсони қаллоб ё дузди интернетӣ афтад, метавонад бе маблағ монад. Яъне, онҳо метавонанд пули шуморо бе иҷозат гирифта, ба суратҳисобҳои худ гузаронанд.

Тавре ки коршиноси соҳаи амнияти рақамӣ Шералӣ Саидов мегӯяд: “Имрӯз фақат як клик дар пайванд (ссылка)-и нодуруст кофист, ки иттилооти шахсии шумо ба дасти қаллобон афтад. Барои ҳамин, донистан ва риояи қоидаҳои амнияти рақамӣ бисёр муҳим аст".

4 хатар

Якум, паёмакҳо ва почтаҳои қалбакӣ. Қаллобон ба шумо паём мефиристанд, ки гӯё аз номи бонк аст ва мехоҳанд шуморо водор созанд, ки маълумоти махфиятонро ворид кунед.

Дуюм, сомонаҳои дурӯғин. Ба назар якхел бо сомонаҳои расмии бонканд, вале дар асл қалбакӣ ҳастанд.

Сеюм, Wi-Fi – интернет. Агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо интернети боз вориди бонки мобилӣ шавед, маълумотатон метавонад дуздида шавад. Бинобар ин, беҳтараш аз интернети худ истифода кунед.

Чорум, барномаҳои шубҳанок. Баъзе барномаҳо маълумоти шуморо пинҳонӣ ҷамъ мекунанд.

4 маслиҳат

Якум, аз паролҳои қавӣ ва дорои иҷозатнома истифода баред. Парол бояд на камтар аз 8 аломат дошта бошад ва дар он ҳарф, рақам ва аломати махсус истифода шавад.

Дуюм, пайвандҳои шубҳанокро клик накунед. Агар паём ё мактубе гиред, ки дар он пайванд (ссылка) аст ва он ба шумо шубҳанок менамояд, накушоед. Пеш аз кушодан, пурсед, ки оё ин манбаъ боэътимод аст?

Сеюм, барномаи бонкиро танҳо аз манбаъҳои расмӣ насб кунед. Барои Android аз Google Play, барои iPhone аз App Store. Аз вебсайтҳо ё папкаҳои номаълум чизе насб накунед.

Чорум, маълумоти корт ва паролҳоро ба ягон кас надиҳед. На корманди бонк ва на каси дигар ҳақ надорад маълумоти шуморо талаб кунад. Агар касе мепурсад, дурӯғ аст.

Бонкҳо чӣ гуна муҳофизат мекунанд?

Имрӯз аксар бонкҳо барои ҳимояи муштариён аз технологияҳои нав, аз ҷумла рамзгузорӣ, воридшавии биометрӣ (бо ангушт ё чеҳра) ва системаи огоҳсозии SMS истифода мебаранд.

Мутахассиси соҳаи IT Шодрӯз Амондиллоев мегӯяд: "Ҳар қадар истифодабарандагон дониши молиявӣ, амниятӣ дошта бошанд, ҳамон қадар хатар камтар мешавад. Ҳифзи маълумот ин масъулияти ҳам бонк ва ҳам мизоҷ аст".

Хулоса, истифодаи интернет зарурати замон аст. Аммо, беэҳтиётӣ боиси аз даст рафтани маблағ мегардад. Бо риояи чанд қоидае, ки ишор кардем, шумо метавонед пули худро аз қаллобон ҳифз кунед.

Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД