gazprom august 2025
Чӣ барои бизнеси муваффақ муҳимтар аст?
14.09.2025
Oila.tj
103

Аз таҷрибаи устоди бизнес Саидмурод Давлатов

Саидмурод Давлатов устоди маъруфи бизнес аст. Ӯ муассиси 24 ширкат дар панҷ кишвар ва муаллифи 16 китоб дар соҳаи тиҷорат мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 1,3 миллион нафар нозукиҳои соҳибкориро омӯхтаанд.

Ӯ бар он назар аст, ки албатта барои пеш бурдани бизнес дониш муҳим аст, аммо танҳо дониш кофӣ нест. Тафаккури дуруст, рӯҳияи солим ва иродаи қавӣ аз ҳама муҳимтаранд.

Саидмурод Давлатов борҳо таъкид кардааст, ки рушди соҳибкорӣ танҳо аз дониш ба даст намеояд.

Ба андешаи Саидмурод Давлатов, муҳим нест, ки шумо аз кадом зина сар кардаед. Дар оғози роҳ, росқавлӣ ва андешаи созанда қиматтарин сармоя мебошанд.

Тавре ки номбурда таъкид мекунад: “Дар зиндагӣ ва фаъолият аз ҳама муҳим барои худ пайдо кардани устод аст. Яъне, ба шумо роҳи корро нишон медиҳад ва иштибоҳҳоятанро ислоҳ мекунад. Ментор ё устоди таҷрибадор метавонад ба роҳнамо шавад, ки шумо ба ҷойи 10 сол, дар 3–5 соли наздик натиҷа ба даст меоред”.

Бинобар ин, Саидмурод Давлатов таъкид мекунад: “Муҳимтарин қадам - пайдо кардани устод аст”.

Саидмурод Давлатов боре дар як мусоҳибааш ба хабарнигори Pressa.tj чунин иброз дошт: "Саводнокии молиявӣ барои ғуломи пул набудан аст. Муошират ва худтанзимкунӣ барои сохтани роҳбар ва созандагӣ муҳиманд". Яъне, на танҳо дониши молиявӣ, балки малакаи муошират ва худидоракунии самаранок низ муҳим аст.

Дар навору суҳбатҳои дигар Саидмурод Саидмурод таъкид мекунад, ки шумо аввал аз худ оғоз кунед, иваз шавед, ба мағлубиятҳо нигаред, аммо баҳо диҳеду устувор бошед. Яъне, дар ҳама кор ирода устувор бошад.

Хулоса, ба андешаи Саидмурод Давлатов, дониш танҳо як пояи муваффақият аст. Аммо барои соҳибкории устувор ва пешрафта, ба инсон чор чиз зарур аст:

- Якум, фикр ва рӯҳияи солим.

- Дуюм, устоди боэътимод (ментор).

- Сеюм, маҳоратҳои шахсӣ.

- Сеюм, иродаву устуворӣ.

Ҳамин омилҳо метавонанд роҳро кӯтоҳтар ва натиҷаҳоро бузургтар гардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД