1xbet
CAFA-2025: Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад
16.06.2025
Oila.tj
101

Имрӯз, 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ду бозии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар вохӯрӣ барои ҷойҳои 5-6-ум тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Туркманистон ба ҳам меоянд. Сипас, тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои медалҳои биринҷӣ рақобат мекунанд. Ин вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар даври аввал дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Муаллифи голҳои дастаи мо Абдулло Иброҳимзода ва Зариф Зарифзода аз пеналтӣ гардиданд.

Дар даври ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) бо дастаи Қирғизистон 1:1 мусовӣ кард. Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон якхела – 4-холӣ ба даст оварданд.

Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо, бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол намуданд, ки ҳамакнун дар рақобати ниҳоии чемпионати CAFA-2025 бо дастаи Эрон вомехӯранд. Тими Эрон дар навбати худ ғолиби гурӯҳи «В» гардид.

Дидори ниҳоии чемпионати CAFA-2025 миёни тимҳои ҷавонони Қирғизистону Эрон 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД