Sebiston new 2024 october
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 13)
07.11.2020
ОИЛА
2989

ИДОМААШ...

-Мебарам, атаҷон, мебарам! Модарам шуморо хеле ёд кардааст. Агар шуморо бинад, ҳеҷ бовар намекунад,- тааҷҷубангез калла ҷумбонд Фирӯза.

Диловар каме ханда карда, чашмонашро бо кафи дастонаш молида монд. Чизе гуфта натавонист. Фирӯза боз ба сухан даромад.

-Атаҷон!

-Ҷони ата.                                                      

-Ту чаро моро партофта рафтӣ? Моро фиреб доданд, ки шумо гузаштаед. Мо то имрӯз фикр кардем, ки дигар шуморо дар зиндагӣ намебинем. Модарам аз ғами шумо обу адо шуда рафт. Чи рӯзҳои сангинро аз сар нагузаронд.

-Фирӯзаҷон! Дигар чӣ кор мекардам? Ман шуморо напартофтам, маҷбур шудам чанд вақт худамро нишон надиҳам. Охир, он ваҳшиҳо...

Фирӯза сухани падарро бурида пурсид:

-Кадом ваҳшиҳо? Ҳамон ниқобпӯшҳои лаънатӣ.

-Ҳа, духтарам. Онҳо одамони бад буданд. Мехостанд маро ҳам дар корҳои ифлоси худашон ҳамроҳ кунанд. Хайрият, ки як ҳамкурсам бо онҳо ҳамроҳ будаасту ба ман раҳм кард. Маро аз чанги онҳо гурезонда ба Россия равон кард. Гуфт, ки то ду-се сол ба Тоҷикистон барнагардам. Агар баргардам, онҳо маро ёфта мекушанд. Ана барои ҳамин ман ба Россия рафтаму ба шумо хабар надодам.

-Атаҷон, чаро ба мо хабар надодед? Мо то имрӯз ғами шуморо хӯрдем. Агар хабар медодед, мо ин қадар азоб намекашидем. Ба модарам ин қадар мушкилиҳо пеш намеомад, модарам ба шавҳар намебаромад.

-Агар ба шумо хабар медодам, онҳо зинда будани маро фаҳмида ба шумо зарар мерасониданд. Барои ҳамин ба шумо неву ба мулло Ҳикматулло хабар додам. Таъкид кардам, ки шуморо нигоҳубин кунаду аз зинда будани ман ба касе хабар надиҳад. Рӯзаш, ки расад, ман худам бармегардам, гуфтам. Барои рӯзгузаронии шумо ба суроғаи вай маблағ мефиристодам, ки ба шумо маҳсулотҳои ғизоӣ харад, аз бозор барои ту сару либос гирад.

Фирӯза каме фикр кард. Вай акнун дарк кард, ки мулло аз кадом ҳисоб ба онҳо кӯмак мекардааст. Аз ҳисоби худаш ба онҳо хайр мекард ҳам, лекин, дар асл, нисфи зиёди хӯрока ҳаққи ҳалоли худашон будаасту модараш ин қадар худашро азоб дода мегашт. Охир, мулло ҳам ҳар вақте ба онҳо чизе меовард, мегуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли худатон аст, аз ман миннатдор нашавед.

-Ҳоло ҳам ниқобпӯшҳо шуморо таъқиб мекунанд?

-Не, қисме аз онҳоро кайҳо нест кардаву қисми дигараштонро ба маҳкама кашиданд.

-Ин тавр ки бошад, чаро назди мо наомадед?

-Охир, хабар ёфтам, ки модарат ба мавҷҳои пурталотуми зиндагӣ тоб наоварда, ба шавҳар баромадааст. Боз хабар ёфтам, ки он шавҳараш мурдаасту модарат аз тангдастӣ, ба хотири як луқма нон боз шавҳари дигар кардааст ва ба шаҳр омадаед. Ана, аз ҳамон солҳо ман шуморо меҷӯям, духтарам. Дилам бо ёди туву модарат хун мешуд, ҷигарам об мегашт. Охир, модари ту ба ғайр аз ман дигар касе надошт, ки ба ӯ кӯмак кунад. Бобоят аз ӯ кайҳо рӯ гардонда буд. Ӯро духтар намегуфт, ба хонааш роҳ намедод. Боз меандешидам, ки шавҳари модарат ягон бадхислат набошаду туву модаратро азоб диҳад.

-Ҳа, ата, мо азоб кашидем. Очаам на шаб хоб мекунаду на рӯз, барои шиками мо шабу рӯз медавад. Дар бораи шавҳараш бошад, ӯ он қадар инсони хуб набуд. Лекин модари бечораам дигар роҳ надошт, маҷбур буд бо вай зиндагӣ кунад. Охир, очаам ба куҷо мерафт, моро ба куҷо мебурд? Анвар одами бад ҳам бошад, ҳеҷ не ба мо ҷойи хоб медод. Мо дар хонаи вай шабамонро рӯз мекардем. Ҳоло бошад, ҳамаи вазниниҳои зиндагӣ ба дӯши модарам афтодааст. Вақте Анвар мурд, модарам маҷбур шуд, барои рӯзгузаронӣ бозорро ихтиёр кунад. Ӯ дар бозор аз ҳамон вақт то ҳол ба сабзавотфурӯшӣ машғул аст, лекин модари бечораам намедонад моро чӣ тавр хӯронаду пӯшонад. Чунки маблағи ёфтааш ҳатто ба иҷорапулии хона намерасад…

-Дигар бас аст, духтарам. Шумо азоб кашидед, инро медонам. Лекин аз вақте ки ба шаҳр омадед, мурда ё зинда буданатонро намедонистам. Ҳамин ҷо ба ғаму дардатон хотима гузоред. Намехоҳам дигар ғаме дар дилатон бошад,-гуфт Диловар ва муҳаррикро ба кор дароварда, суханашро идома дод,- Акнун гап зан, ба кадом тараф ҳаракат кунам, Фирӯзаҷон духтарам?

-Атаҷон!

-Ҷони ата.

-Ҳоло истем.

-Барои чӣ истем, духтарам,- гуфта аз пешонаи Фирӯза бӯсид Диловар.

-Охир, ҳоло маълум нашудааст, ки ман ба донишгоҳ дохил шудаам ё не? Натиҷаи имтиҳонро фаҳмида гирем баъд равем намешавад?

-Духтарам, ту донишҷӯӣ. Дигар ин фикрро накун. Аз моҳи сентябр ба дарс меоӣ.

Фирӯза боз даст бар гардани падар бурда ӯро бӯсиду гуфт:

-Набошад, ба ин тараф мошинро ронед,-бо даст ишора карда роҳро нишон дод, дар ҳоле ки аз хурсандӣ беқарор шуда, гӯё қалбаш дар синнааш тангӣ мекард.

-Майлаш, майлаш духтарам!

Диловар аз рӯйи гуфтаи Фирӯза ба сӯи бозорчаи Чаманоро мошинро меронд.

-Падарҷон, шумо чӣ мақсад доред, оё бо мо боз якҷоя зиндагӣ мекунед?,-пурсид Фирӯза, зеро ӯ хеле ба ташвиш афтода буд, ки оё падараш боз модарашро ба занӣ қабул мекарда бошад ё не? Ё Диловар онҳоро як хабар мегираду бо сабаби ду шавҳар кардани Сайёра боз онҳоро ба ҳолашон гузошта меравад.

-Ҷони падар, охир бо ёди шумо дар ин қадар сари сол дилу ҷигарам лах-лах шуду боз чи хел бо шумо зиндагӣ намекунам. Шумо як узви бадани ман ҳастед. Ҳоло намедонӣ, ки ман бо чӣ қадар мушкилиҳо ҷигарбандҳои худамро партофта ба Россия рафтаму дар ғаму андӯҳ ғӯтидам, ҳар як дақиқаву соати умрамро бо кадом машаққатҳо сипарӣ намудам. Инро ҳам барои шумо, барои зиндагии ояндаамон кардам. Вале…

-Шумо дигар зан нагирифтед?

-Не духтарам. Маро ба ҷуз туву модарат касе хушбахт карда наметавонад. Наметвонад! Ҳозир рафта модаратро мегирему ба хона меравем. Якҷоя зиндагӣ мекунем. Дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешавем. Ҳама хушбахтӣ, ҳама ширинии ҳаёти ман шумоед.

Фирӯза хеле шод шуд, ягона шубҳааш ҳам нест гашт ва ба падар рӯ оварда:

-Ба хона ба Ховалинг меравем?

-Барои чӣ ба Ховалинг меравем. Ман хона гирифтам. Дар ин ҷо хона дорам. Онро ба ту туҳфа мекунам. Акнун ману модарат дар хонаи ту иҷоранишин мешавем,-гуфта ба ханда даромад падар.

Дар ҳақиқат, Диловар то ин дам бо зане ҳаёти нав барпо накарда буд. Гарчанде ӯ аз Россия баргашту хабари ба шаҳр кӯчидани зану фарзандашро фаҳмид, дар кӯчаҳои шаҳр онҳоро ҷустуҷӯ мекарду занеро ҳамсар интихоб наменамуд. Як сония ҳам зану фарзандаш аз пеши чашмаш дур намешуданд. Онҳоро бениҳоят ёд карда буд. Дар лаҳзаҳои танҳоӣ бо ёди онҳо ашк мерехт. Ин дарди зиндаҷудоӣ барои вай ниҳоят мушкил буд.

Ӯ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳр соҳиби хона ва зиндагии хуб гашта буд. Маблағи зиёд меёфт, лекин ҳама ин дороияш барои вай ҳеҷ менамуд. Ӯ ҳама дороӣ, ҳама давлату савлаташро Сайёраву Фирӯза мешумурд, ки барои аз даст додани онҳо изҳори таассуф мекард. Мақсади ягонаи вай ёфт кардани зану фарзандаш буд. Аммо на ӯ зану фарзандашро ёфт, балки фарзандаш …

Фирӯза дида аз падар намеканд. Ӯро нигоҳ мекарду мехост дар оғӯши падараш дарояд ва аз ҳавли гардани ӯ нафас гирад. Лекин сари чанбараки мошин будани падарашро фаромӯш намекард. Ба худ мегуфт, ки ҳоло аз мошин фароем, баъд…

Фирӯза ба падари ёфтгардидааш роҳи бозорчаи «Чаманоро»-ро нишон медоду падарашро хомӯш мондан намегузошт. Ӯро маҷбур мекард як лаҳза хап наистад, гап занад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД