“Дар байни Толибон на муҳандис аст, на духтур аст, на шоир аст, на нависанда, вале ҳар суҳб мехезанд, як қарор қабул мекунанд. Зан мактаб наравад, ба кор наравад, таҳсил накунад, ба сафар наравад, зан бояд маҳрам дошта бошад.”
Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ин нуқтаро дар нишасти дирӯза, ки дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо иштироки паноҳандагони афғон ва дигар намояндагон дар Тоҷикистон шуда гузашт, қайд намуд.
Вохӯрии мазкур ҳамчун вокуниши занону духтарони афғон ба қарори қабул кардаи ҳукумати Толибон буд, ки бар асоси он минбаъд бояд занону духтарон бе пӯшидани бурқа ва бидуни зарурат ба кӯча набароянд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид кард:
“Барои ин зулме, ки аз тарафи ҳукумати Толибон болои мардуми Афғонистон карда мешавад, махсусан корҳое, ки ин шабу рӯзҳо дар сангари вилояти Панҷшер, Пандароб, Бағлон, Ҳомиён, Нуристон Парвон ва дигар вилоятҳо карда истодаанд, рӯзе ҷавоб хоҳанд гуфт!”
Ноҷиба Зоҳирӣ, директори мактаби “Сомониён” низ дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, ҳукумати Толибонро ҳамчун ҳукумати кӯрдил хонда, талаби пӯшидани бурқа ё чодарро ба занону духтарон зулми навбатии эшон номид.
“Ман аз қарори охири қабул кардаи ҳукумати Толибон, ки бояд занон бо рӯи пӯшида ва бо зарурат ба кӯча бароянд, нигарон ҳастам. Аз вақте ки ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст, занҳоро мудом ба гаравгон мегиранд ва худро болои мардуми асир ҳоким гирифта, ҳуқуқҳои онҳоро поймол месозанд.
Аз ин рафтори онҳо мо, занони Афғонистон дар азобем ва ман аз Созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш мекунам, ки садои мо, занҳои афғонро шунаванд ва хомӯш намонанд”-илова кард Ноҷиба Зоҳирӣ, дирктори мактаби “Сомониён”
Зоҳирӣ мегӯяд, чаро Толибон тамоми чиҳоди худро алайҳи духтарон ва занони афғон равона карда истодаанд, дар ҳоле, ки ҳиҷоб ё бурқа пӯшидан ба фарҳангӣ мо бегона аст. Ӯ бо таъкид гуфт, магар дар дигар кишварҳои исломӣ , ба монандӣ Покистон, Арабистон ва Эрон занон бурқа мепӯшанд?!
Қарори нави Толибон рӯзи 7-уми майи имсол баромад ва дар он талаб мекунад, занҳову духтарон ҳангоми берун рафтан ҳатман бояд сару рӯ, ба истиснои чашмонашонро бипӯшонанд.