Имрӯз, 23-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.
Дафтари матбуоти Президенти кишвар ёдовар мешавад, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн тонна дар як сол гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе тасмим гирифтааст корхонаи нави истеҳсоли сементро дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га дар муддати 17 моҳ сохта, ба истифода диҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт.