Соли равон аз таъсиси ансамбли овозадори “Гулшан” 60 сол сипарӣ мешавад. Ин дастаи ҳунарӣ дар таърихи санъати тоҷик нақши бузурге дорад. Чеҳраҳои ансамбл – Лайло Шарифова, Орифшо Орифов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддини Муҳиддин, Кароматуллоҳи Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев ва дигарон барои рушди санъати эстрадаи тоҷик нақши мондагор гузоштаанд. Бахшида ба 60-солагии “Гулшан” мо ёди ин ҳунармандон мекунем.
Сарнавишти инсон пешгӯйинашаванда аст. Зиндагӣ шебу фарозҳо ва гирудорҳое дорад, ки одамӣ дар баробари он оҷиз мемонад. Мегӯянд, ки тақдири ҳар кас дар дасти худаш аст, аммо дар зиндагӣ шоҳид мешавем, ки гоҳо дар баробари гардишҳои рӯзгор инсон коре карда наметавонад. Зиндагии яке аз асосгузорони эстрадаи тоҷик Лайло Шарифова, ки дар тамоми Шӯравӣ «Булбули Шарқ»-аш меномиданд, чунин пешгӯйинашванда буд: яку якбора тӯлуъ карду нурафшонӣ намуд ва дунёро равшан карда, зуд ғуруб намуду гӯшанинишин шуд…
Аз ҳизби “Тӯда”
Аслан, рӯзгори ин сарояндаи номвар пурпечутоб аст ва ба Инқилоби Эрон иртибот дорад. Дар оғози солҳои 20-уми асри гузашта, дар Эрон кӯшиши сохтани сотсиализм сурат гирифт. Бо таъсиси ҳизби «Тӯда» дар ин кишвар як зумра аз зиёиён ва шахсиятҳои маъруфу машҳур дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омаданд. «Тӯда» асососан бо тарғиботи эмиссарҳои Озарбойҷони Шӯравӣ бунёд гузошта шуд ва бо идеяҳои ленинӣ асос ёфта буд. Яке аз пештозони ин ҳаракатҳо шоири инқлобӣ ва мубориз Абулқосим Лоҳутӣ буд. Аммо Эрон бо кӯмаки англисҳо ҳизби «Тӯда»-ро саркӯб сохт ва тарафдорони ин онро бераҳмона қатл мекард, бинобар ин, аксари комунистҳои Эрон ба хоки давлати Шӯравӣ фирор намуданд. Оилаи Лайло Шарифова ҳам яке аз чунин муҳоҷирони эронӣ аз Машҳад буда, ки гирдоби тақдир онҳоро ба Тоҷикистон овард.
Таваллуд дар ҳавопаймо
Лайло 28 январи соли 1930 дар осмон таваллуд шудааст. Падари ӯ турки зодаи Измир ва модараш эронии озаритабор будааст. Дар яке аз сӯҳбатҳо дар бораи таваллудаш мегӯяд: «Он замон маризхонаҳои шӯравӣ хуб набуданд. Чун дар Озарбойҷон мавзеи зоймон (таваллудхона) хуб набуд, падарам гуфт дар Маскав таваллуд кунад. Модарамро бурданд ба Маскав, вале дар Маскав намонданд, ки таваллуд кунад. Гуфтанд, ҳоло бармаҳал аст. Модарам баргашт ба Боку. Вақте мехост баргардад, дар ҳавопаймо ман таваллуд шудам. Байни Маскав ва Озарбойҷон, ман дар дохили ҳавопаймо ба дунё омадам. Он ҷо як швейсаре пайдо шуд, нофамро буриданд. Мардуми ҳавопаймо либосҳояшонро болои ман гузоштанд, ки ман сармо нахӯрам (механдад). Оварданд ба Боку, вале модарам асабонӣ шуд ва гуфт, дӯст надорам, ки ӯ шиносномаи Озарбойҷонро дошта бошад. Гуфт, “ин чӣ мамлакат аст, ки бемористони хуб надорад? Нависед, ки дар Маскав таваллуд шудааст”. Ҳамин тавр ҳам карданд. Он рӯз 28 январи соли 1930 буд”.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо Лайло Шарифова баъдан ба Машҳади Эрон бармегардад. Дар он ҷо бузург шуда, дар мактаб таҳсил мекунад. Бо як ҷавони низомии артиши Муҳаммамад Ризошоҳ оила барпо мекунад. Вале баъди кудатои (инқилоб) нофарҷоми нахуствазир Муҳаммад Мусаддиқ маҷбур мешавад, ҳамроҳ бо ҳамсари чапгарояш дар Тоҷикистони Шӯравӣ паноҳ барад. Чун он замон дар Тоҷикистон эрониёни фирорӣ аллакай мавқеъ пайдо карда буданд, барои Лайло Шарифова мутобиқ шудан ба муҳити Тоҷикистон душвор набуд.
Чун Лайло Шарифова аз хурдӣ ба мусиқӣ завқ дошт, ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1959 онро хатм кард ва фаъолияти худро дар дастаи ҳунарии ансамбли Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ оғоз намуд.
Оғози парвоз
Қадамҳои нахустини Лайло Шарифова дар саҳнаи ҳунар, қадамҳои ҷиддӣ буданд ва аз нахустин ҳунарнамоиҳояш маълум буд, ки вай кӯшиши навоварӣ дорад. Дар саҳна худро озод ҳис кардан, рақсидан ва амалҳои дигари шӯх нишон додан, либоси фохир ва зебои аврупоӣ пӯшидан, ороиши замонавии мӯйҳо, мусиқӣ ва сурудҳои шӯх дар эстрадаи тоҷик аз Лайло Шарифова оғоз шуд. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ Лайло дар сар то сари Тоҷикистон шӯҳрат ёфт ва мухлисони бешумор пайдо кард.
Ҳамчунин, дар ҳамон шабу рӯзҳо Бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон – Радиои «Овози тоҷик» таъсис ёфт ва Лайло Шарифоваро ба ҳайси наттоққи барномаҳои форсӣ даъват намуданд.
Бигзор ҳамеша суруд бошад
Дар оғози солҳои 60-ум Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғаффор Валаматзода нахустин ансамбли эстрадӣ – «Бигзор ҳамеша суруд бошад»-ро таъсис дод. Ғаффор Рустамович дар кори ин асамбл асосан ба ҳунару маҳорати Лайло Шарифова такя мекард ва воқеан, соли 1960 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро овард.
Ин асамбл бори нахуст ба гастрол баромад ва маблағҳои хубе овард, аммо бо сабаби нофаҳмӣ байни бонувони аъзои ансамбл Лайло Шарифова аризаи аз кор рафтанро ба Аҳмад Бобоқулов – роҳбари бадеии ансамбл пешниҳод кард. Бобоқулов ҳам бе фирк аризаи Лайлоро имзо намуд, аммо рафтани ӯ боиси пароканда шудани ансамбл шуд.
Зуҳури “Гулшан”
Соли 1964 бошад Лайло Шарифова дар назди Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ансамбли «Гулшан»-ро таъсис дода, роҳбари бадеии он таъин гардид. «Гулшан»-е, ки Лайло идора мекард, дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрат пайдо кард ва соли 1965 Лайло Шарифова унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор шуд.
Дар баробари маъруфият зиддияту ихтилоф ва душманӣ ба Лайло Шарифова меафзуд. Ӯ як шахси эҷодкор буд ва муносибатҳои сарду бадгӯйиҳо ба қалби нозуки ӯ чун теғ асар мекарданд. Шахсони эҷодкор одатан ҳассос, нозук ва зудранҷ мешаванд. Лайло Шарифова ҳам, натавонист ҳамеша дар баробари онҳо мубориза барад, бинобар ин, соли 1967 аризаи истеъфо навишт ва аз Тоҷикистон рафт… Аз кишвар як ситораи дурхашони саҳна, як устоди саҳна, яке аз бузургтарин сарояндагони эстрада мерафт, аммо касе пеши роҳи ӯро нагирифт. Ӯ рафт, вале бо худ як Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро аз Тоҷикистон бурд.
Пас аз Тоҷикистон
Пас аз Тоҷикистон, Лайло ба Озарбойҷон ҳиҷрат кард ва фаъолияти эҷодии худро аз ансамбли асбобҳои халқии ин кишвар – «Хотира» оғоз намуд, пасон дар ансамли «Дан улдузу» фаъолият кард ва соли 1978 унвони Ҳунарпешаи халқии Озарбойҷонро дарёфт кард.
Аммо ӯ ҳамеша ба ёди Тоҷикистон мезист. Гарчанде дар Озарбойҷон солҳои тӯлонӣ кору фаъолият кард, аммо худро моҳии берун аз об мепиндошт. Бинобар ин, аз ин кишвар низ рафт ва дар Олмон муҳоҷир шуд.
Репертуари сурудҳои Лайло Шарифова ниҳоят бой ва гуногунзабон аст. Ӯ ғайр аз забони тоҷикӣ бо забонҳои туркӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ ва дигар забонҳо таронаҳои зиёд хондааст. Маъруфтарин сурудҳои ин сарояндаи бузург «Ҷонона», «Моҳпайкари ман», «Эй шохи гул», «Чашми сиёҳ», «Дар хаёли ту», «Куҷоӣ», «Марямљон», «Бевафої», «Шоњи парї», «Сањаргоњон», «Як шабе», «Райҳон», «Биё, эй ёр», «Ёри тоҷикам», «Алла», «Бе сурма ҳам зебоӣ», «Рафтем, рафтем», «Чашм во кун», «Париҷон», «Ҳадя», «Интизори ман», «Эй моҳи ҳинду», «Гули хандонам», «Халваҷӣ», «Кабутари сафеди ман» ва ғайра мебошад, ки то имрӯз онро бо иштиёқ гӯш мекунанд.
«Булбули Шарқ» - Лайло Шарифова дар баробари сарояндагӣ шоир ва компазитор ҳам мебошад. Ӯ муаллифи матни даҳҳо суруд ба забони форсӣ аст ва ба чандин шеърҳо аз ҷумла ба «Чашмони сиёҳ» ва «Гули бодом» оҳанг бастааст.
Ба ёди Тоҷикистон
Солҳои охири умр Лайло Шарифова муқими Олмон буд. Дар шаҳри Дюселдорф зиндагӣ мекард. Ӯ дар ин кишвар ҳам ба ёди Тоҷикистон буд ва ҳамеша бо Маркази фарҳангии тоҷикони ин кишвар, ки онро олими маъруф Александр Гейзер роҳбарӣ мекунад, равуо дошт. Дар ҳама чорабиниҳои тоҷикони Олмон ширкат мекард. Дар яке аз сафарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон Лайло Шарифова баромад карда гуфт:
-“Ман ҳамеша ба ёди Тоҷикистонам! Тоҷикистон дар қалби ман аст”…
Шурӯъ аз солҳои 2000-ум Лайло Шарифова ҷиддӣ ба эҷоди шеъру достоннависӣ рӯ овард ва дар ин солҳо китобҳои ашъори худро бо номи “Хони хирад”, “Қиссаи дил”, ”Гулҳои рангоранг”, “Арҷи модар” ва ҳам достони “Сарнавишти се насли овора” нашр кард. Асари охираш, дар бораи рӯзгори худаш аст.
Лайло Шарифова 19 феврали соли 2024 аз олам даргузашт...
Одил НОЗИР