arzon replenishment
Бозиҳои дӯстонаи дастаи футзали Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон
304

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом дод.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозиҳо дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 8:1 ва 1:0 ба фоидаи футзалбозони Ӯзбекистон хотима ёфтанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар ин вохӯриҳои дӯстона як қатор бозигарони навро, ки аввалин маротиба ба тими миллии кишвар даъват шудаанд, дар амал санҷид.

Қобили зикр аст, ки имсол тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 16 то 24-уми сентябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД