Талабшо Муқимов яке аз журналистони муваффақи тоҷик аст. Ин ровии ширинкалом тӯли чандин сол дар Амрико зиндагӣ дошт.
Имрӯз Талабшо дар сторизи шабакаи иҷтимоии “Instagram” хабар дод, ки ба Тоҷикистон баргаштааст. Баъди чанд соати сториз аксеро нашр кард, ки бо фарзандонаш: Робия, Ромиш ва Сония аст.
Дар зери видеое ӯ чунин навиштааст: “Дар оғӯши фарзандонам: Робия, Ромиш ва Сония хеле хушиқболам. Шукронаи неъматҳои зиндагӣ ва шукронаи Ватани ободу осоишта!”.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳақиқат Талабшо Муқимов саҳми босазои худро барои рушди телевизиони “Сафина” гузоштааст.
Мо Талабшо Муқимовро аз номи обуначиён ва аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ба Тоҷикистон хушомадед мегӯем. Боварӣ дорем, ки Талабшо боз ҳам барои рушди соҳаи журналистика дар Тоҷикистон нақши босазои худро мегузорад.