Gazrpom april 2025
Бозгашти шавҳар маро бехона мекунад
04.05.2025
Oila.tj
113

Ассалому алайкум хонандагони азиз! Шояд шумо ин номаи маро хонда ҳар гап гӯед, аммо ман як маслиҳат пурсиданӣ.

Ман собиқ шавҳарамро дӯст дошта гирифта будам. Муҳоҷират рафту дигар занг назад, аз байн 10 сол гузашт. Бародарони шавҳарам гуфтанд, ки “янга мо ба ҷиянчаамон ёрдам мекунем, шумо метавонед шавҳар кунед. На мурда ва на зиндаи додари мо маълум нест. Ҳоло шумо ҷавонед”.

Хуллас, ман аз қозиёт коғаз гирифтаму издивоҷ кардам бо марде.

Аз ин мард боз соҳиби як писар шудам.

Писари якумам аз собиқ шавҳарам аст. Аз байн боз 7 соли дигар гузашт.

Инак, баъди 17 сол собиқ шавҳарам пайдо шуда ҷангу ҷанҷол дорад, ки зани партоӣ надорад. Сабаби гум шуданашро гуфт, ки гӯё дар зиндон будааст. Писарашро маҷбури гирифтанӣ аст, ҳол он ки писарам ӯро намешиносад ва ҳамаи меҳраш ба пияндараш аст.

Ҳоло ман миёни ду дарё ҳастам.

Шавҳари аввалӣ даъво дорад, ки ин хонаи якҳуҷрагӣ аз ӯст. Бо шавҳари ҳозираам ҳар рӯз гиребон ба гиребон, ҷанг, шапошап.

Бовар кунед, ҳайронам.

Т. У.

Шикоят кунам, боз зиндон накунанд, ба ҳар ҳол, падари фарзандам аст.

Ё хонаро фурӯхта ними пулашро ба ӯ диҳам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД