Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд занеро бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин зан бо роҳи таҳдиди фош кардани як сирри оилавӣ аз ҳамсояаш маблағи калон ситонидааст.
“Ҷавонзани 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт карда шуд. Ин зани 38-сола дар рӯзҳои иди соли нав, санаи якуми январи соли равон ба хонаи зани 29-солаи сокини ҳамин шаҳр рафта, духтари ноболиғи 14-солаи соҳибхонаро ба истифодаи маводи сахттаъсири “Лирики” гунаҳкор намудааст ва таҳдид кардааст, ки агар 10 ҳазор сомонӣ надиҳанд, ин сирро фош хоҳад кард”,- омадааст дар хабар.
Кормандони Вазорати умури дохилӣ занро рӯзи 2-уми январ ҳангоми гирифтани 700 доллари амрикоӣ аз соҳибхона дастгир намудаанд. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.
ВКД аз шаҳрвандон хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба тамаъҷӯӣ ва таҳдид фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.