Зане дар пойтахт 43 касро бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ фиреб карда, қариб 40 ҳазор доллар ба онҳо зарар расонидааст.
Бино ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, Саида Каримзодаи 31-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2023 аз Ҷума Ҷумаев маблағи 94 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда кардааст, ки ӯро бо ҳамроҳии ҳамсараш ба ҳаҷи фарзӣ мефиристад.
Дар идома Саида Каримзода аз шаҳрванд Ҷума Ҷумаев барои ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояш боз маблағи 1500 доллар мегирад. Аммо вақте ки шаҳрванд Ҷумаеву ҳамсараш моҳи июни соли равон ба шаҳри Самарқанди Узбакистон мераванд, маълум мешавад, ки онҳо иҷозати сафар ба Арабистони Саудӣ ҷиҳати анҷоми маросими ҳаҷро надоранд.
Аммо Саида Каримзода аз баргардонидани маблағҳо ба Ҷума Ҷумаев саркашӣ карда, бо ин кирдораш ба номбурдагон ба маблағи 94 ҳазор сомонӣ ва 1500 доллар зарар расонид.
“Саида Каримзода ба боварии 42 шаҳрванди дигари Тоҷикистон даромада, ваъда медиҳад, ки онҳоро барои анҷоми ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ мефиристад. Дар ин миён номбурда ваъда мекунад, ки 27 ҳазору 500 доллар аз ҳисоби маблағҳои пардохткардаашонро барои хидматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, ғизо, нақлиёт ва дигар хароҷотҳо сарф мекунанд”, - навиштааст манбаъ.
Вале ӯ ба ҳар баҳона маблағи 27 ҳазору 500 доларро ирсол накарда, пас аз баргаштани шаҳрвандон низ ин маблағҳоро барнамегардонад.
Айни замон алайҳи Саида Каримзода тибқи моддаи 247 (қаллобӣ) қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.