Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн гашта буд, ки дар он як гурӯҳ ҷавонон байни ҳам муноқиша намуда, ҷавондухтареро маҷбуран ба таксӣ савор карданӣ мешаванд.
Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз пайи таҳқиқи ҳодиса шуда, шахсони дар навор тасвирёфтаро пайдо ва ба идораи милитсия дастрас намудаанд. Инҳо Астанақуллов Суннатулло Кулобиевич, санаи таваллудаш 31.12.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Мирзошарипов Муҳаммад Аҳтамҷонович, санаи таваллудаш 27.03.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ашуров Шаҳбон Саидумарович, санаи таваллудаш 04.13.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Розиқов Шаҳбоз Ҳокимович, санаи таваллудаш 28.08.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Самиева Фарзона Мирзоевна, санаи таваллудаш 12.12.2005, зодаи ҷамоати деҳоти С. Кабуди ноҳияи Панҷ, Шоҳмадзода Мафтуна Суннатулло, санаи таваллудаш 20.01.2008, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ мебошанд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян карда шудааст, ки санаи 6-уми апрели соли равон Астанқулов Суннатулло ва Мирзошарипов Муҳаммад бо ҳамроҳии Самиева Фарзона ва Шоҳмаҳмадзода Мафтуна тавассути автомашинаи таксӣ аз шаҳри Душанбе бо мақсади фароғат дар оғӯши табиат ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон омада, баъди аз меъёр зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ тартиботро вайрон ва нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд ва оромии истироҳаткунандагонро халалдор кардаанд.
Ашӯров Шаҳбон ва Розиқов Шаҳбоз ба назди онҳо омада, хоҳиш кардаанд, ки ба оромӣ ва тартибот риоя намоянд, вале байни ҳарду ҷониб муноқишаи лафзӣ сар шуда, кор ба занозанӣ ва латукӯби ҳамдигар расидааст.