Боздошти як гурӯҳ ноболиғони кордбадаст дар кӯчаи Айнии Душанбе
21.01.2026
Оила
107

Боздошти як гурӯҳ ноболиғони

кордбадаст дар кӯчаи Айнии Душанбе

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳ ноболиғон хабар додааст, ки  бо корд ва дигар ашёҳои халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, бо ҳам муноқиша кардан мехостаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, шаби 19-уми январ як гурӯҳ ноболиғони бо корд ва дигар ашёҳои халандаю бурранда мусаллаҳгашта  дар кӯчаи С.Айнӣ ҷамъ шудаанд ва мехостанд бо ҳамдигар муноқиша кунанд, вале кормандони милитсия ҳодисаро сари вақт пешгирӣ намуда, дар ҷойи воқеъа 6 ноболиғро дастгир кардаанд.
“Зимни кофтуков аз онҳо ду адад кордҳои гуногунтамға дарёфт ва мусодира карда шуд”, - омадааст дар хабар.
Алайҳи волидайни ноболиғони дастгиршуда барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак тибқи моддаи 90 КҲМ парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Ин банди қонун ҷарима ба маблағи 780 сомонӣ ё ҳабс ба муҳлати то 10 шабонарӯз пешбинӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД