Боздошти марде, ки духтаронро бо суратҳои маҳрамона таҳдид менамуд
308

Кормандони милитсия сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Абдулло Азамзодаро бо иттиҳоми шантаж бо истифода аз аксҳои маҳрамона боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард занони ҷавонро фиреб дода, баъд бо истифода аз аксҳои маҳрамонаашон бо роҳи таҳдид ба амалҳои шаҳвонӣ маҷбур менамудааст.

Аз телефони мобилии Азамзода видео ва аксҳои сершумори бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифодашуда дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

ВКД аз афроде, ки аз амали Абулло Азамзода зарар дидаанд, хоҳиш мекунад, ки ба рақами (+992) 018020202 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД