arzon replenishment
Боздошти хонандагони се мактаби Душанбе барои бетартибӣ
1155


Милитсияи пойтахт 13 наврасеро, ки баъди ҷанҷоли лафзӣ дар “Instagram” дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, боздошт ва нисбати волидонашон санад тартиб додааст.

Ин санҷиш дар пайи шикояти як корбари Инстаграмм бо нашри наворе сурат гирифт, ки дар он гуфта шуда буд, гурӯҳе аз наврасон бо тақлид ба силсилафилми машҳури русии “Слово пацана” тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд.

Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, ин ҳодиса шоми 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, рух додааст ва кормандони онҳо ҳамон рӯз 13 ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқишаро гирифтаанд.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки қаблан хонандагони мактабҳои №8-и ноҳияи И. Сомонӣ ва хонандагони мактабҳои №43 ва №52-и ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд”, - навиштааст манбаъ.

Ҳамин тавр, 13 нафар ноболиғ, иштирокчиёни ҳодисаи мазкур ,боздошт гардидаанд. Дар робита ба ин, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, нисбати волидони боздоштшудагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардидааст.

Пештар ҳам дар интернет наворе паҳн гардида буд, ки чанд ноболиғ як ҳамсоли худро дар зери оҳанги “Слово пацана” латукӯб мекарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД