Дар ноҳияи Масчоҳ гургеро, ки ду рӯз пеш ҳамроҳи галла ба чорвои хонагӣ ҳамла карда буд, боздошт карданд.
Сокинон гуфтанд ин ҳайвони ваҳшӣ ду рӯз пеш ба оғилхонаи сокинони деҳаи Азизободи ноҳия ҳамла кард.
“Сокинони деҳа рӯзона гаштугузори гургонро мушоҳида намуда, барои безарар гардонидани онҳо тасмим гирифтанд. Ин субҳ яке аз он гурҳо, ки шаби гузашта ба оғилхонаи гову гусфандон ҳамла карда буд, дастгир шуд” - гуфт як сокин.
Гургро ҷавонони деҳа тавассути шохин зада, зинда дастгир карданд.