Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як табибро барои қаллобӣ боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, ки боздоштшуда бо ваъдаи додани ҳуҷҷати тиббӣ дар бораи ба хизмат мувофиқ набудан ба 5 нафар ҷавонони ба аскарӣ даъватшуда аз наздикони онҳо 97000 сомонӣ талаб намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Саидов аз пайвандони даъватшавандагон 47 000 сомонӣ гирифта, талаб кардааст, ки маблағи боқимондаро низ биёранд. Кормандони агентӣ табибро ҳангоми гирифтани 50 000 сомонӣ боздошт намудаанд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов аллакай ба суд фиристода шудааст.