sebiston july new
Боздошти боз як духтари тоҷик барои аксу наворҳои нимаурён
526

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти боз як духтари тоҷик барои аксу наворҳои нимаурён хабар додааст.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон боз як духтарро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудани расму наворҳои нимаурёну ғайриахлоқӣ боздошт кардаанд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Ҷӯраева Мукаррамахон Беҳзодовна, санаи таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам расм ва наворҳои нимаурён ва берун аз одобу ахлоқро паҳн мекардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД