formula feb 2025
Боздошти 455 муҳоҷир дар бозор ва қаҳвахонаҳои Красноярск
1068

Кормандони мақомоти қудратӣ дар Красноярск дирӯз амалиёти махсус гузаронида, дар ҷараёни рейд 455 нафар муҳоҷиронро аз бозор ва қаҳвахонаҳо боздошт намуда, ба идораи пулис бурдаанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии Русия дар Красноярск хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур аз ҷониби 3 ниҳод - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишотӣ ва Гвардияи миллии Русия гузаронида шудааст. Мақсади амалиёт ошкорсозии ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратии РФ ва боздошти муҳоҷирони беҳуҷҷат буда, кормандони мақомоти қудратӣ бидуни огоҳии пешакӣ ба 5 бозор ва 12 қаҳвахонаҳои шаҳр якбора ворид гашта, 455 нафар муҳоҷиронро боздошт кардаву ба идораи пулис бурда, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш намудаанд.

58 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳамзамон шаҳрвандии Федератсияи Русияро доштаанд, барои ба қайди ҳарбӣ гирифтан ба комиссариати ҳарбӣ фиристода шуда, маълумотҳои биометрии 381 муҳоҷири дигар сабт карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД