arzon replenishment
Боздошти 3 наврас барои таблиғи корд ва зӯроварӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
282

 

Мақомоти милитсия аз боздошти 3 наврас барои нашри аксҳои хислати зӯроварӣ дошта дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

“Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 3 нафар наврасон-Султонов Ш. соли таваллудаш 2006, Аламов Ш. ва Абдураҳмонзода А. соли таваллудашон 2007, дар шабакаҳои иҷтимоии «Инстаграм» ва «Телеграм», саҳифаҳои худро ба қайд гирифта, мунтазам кордбадаст аксу наворҳои худро нашр намудаанд. Ин омил метавонад ба ҳолати ровониву ахлоқии дигар наврасон низ бе таъсир намонад”-омадааст дар хабар.

Дар ҳақиқат солҳои охир баъзе наврасону ноболиғон аз беназоратии волидонашон истифода бурда, шабакаҳои иҷтимоиро барои тарғиби амалҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Падару модаронро мебояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, ҳамарӯза рафтору кирдори фарзандони худро натанҳо дар хона, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зери назорат бигиранд, то боиси ба ҳар гуна амалҳои беандеша даст задани онҳо нагардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД