Arzon admin
Боз як тоҷик кушта шуд
988


3 рӯз қабл дар шаҳри Тамбови Русия ҷасади як ҷавони 32-соларо ба хк супурданд. Ин ҷавони ормонӣ Руслан Мулохолов ном дошта, зодаи Тоҷикистон будааст.

Тавре ки Пресса. тч дар такя ба пойгоҳи tvolk.ru менависад, Муллохолов 24-уми сентябри соли равон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, бар асари ҳамин ҷароҳат ба ҳалокат расидааст. Руслан соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, вале соли 1999 оилаи онҳо ба Расказово мекӯчад. Мактаби миёнаро вай дар ҳамон ҷо хатм намуда, пас аз хатми синфи 9-ум ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо ихтисоси андовачӣ-рангуборчӣ дохил мешавад, вале зиндагӣ баъдан ӯро бо роҳи дигар бурдааст. Муллохолов пас аз хизмати ҳарбӣ дар сафи артиши Русия тавассути шартнома хизматро идома дода, ба ҳайси тирандоз дар ҳайати неруҳои шаҳри Тамбов хизмат мекардааст.
“Сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов на як бору ду бор барои иштирок дар амалиёти махсус ба сафари хидматӣ рафтааст”,- менависад манбаъ.
Бино ба иттилои пойгоҳи зикршуда, Руслан Муллохолов бо медали “Барои бозгашти Қрим”, “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Сурия”, “Барои ҷасорати ҳарбӣ”, медали Суворов ва медали «Барои шуҷоат» қадрдонӣ гардидааст…
Руслан бо духтари рус оиладор шуда, соҳиби як духтарчаи 2,5-сола будааст, ки ҳамакнун ятим монд.
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд. Ахиран, ҷасади боз як сарбози тоҷики артиши Русияро, ки ба қавли наздиконаш дар Украина кушта шудааст, ба Тоҷикистон меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД