Шаби 26 ба 27 апрел дар шаҳри Оренбурги Русия ҷасади ба хуну халаф олудаи боз як таксисти тоҷикро аз ҷангал пайдо карданд. Қотилон ба рӯй ва қафаси синаи ин ҷавони тоҷик корд зада, ӯро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд...
Ба иттилоъи манбаъҳои интернетӣ таксисти кушташуда тоҷик буда, ҳамагӣ 32-сол доштааст. Ин ҷавони ормонӣ ягона ноновари хона буда, ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводааш дар Русия бо мошин мусофиркашонӣ мекардааст. Марги пурасрор ва фоҷиавии таксист зану фарзандон ва падару модари ҷигарсӯхтаашро ба гирдоби ғаму дард гирифтор намудааст.
Ба иттилоъи “Бомдод” қабл аз маргаш ин ҷавони ормонӣ ба бародари ҳамсараш занг зада, хоҳиш кардааст, ки омада ӯро аз ҷангал баранд, вале вақте ки пайвандонаш ба ҷойи ҳодиса мерасанд, ҷавон аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда, ҷисми ғарқи хунашро пайдо мекунанд.
Тахмин меравад, ки таксистро мусофири охирини бурдааш ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.
Гумонбар дар куштори таксисти тоҷикро аз Бошқирдистон дастгир кардаанд ва тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.